Ҳукми Навалний боиси вокуниши тунди Ғарб ва тарафдорони ӯ шуд

Алексей Навалний дар додгоҳ. 2 феврали соли 2021

Ҳукми як додгоҳи ноҳиявии Маскав, ки гуфт, сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний 2 солу 8 моҳро дар зиндон пуштисар мекунад, вокунишҳои тунди кишварҳои ғарбӣ ва ҳам намоишҳои эътирозии навро дар Русия ба бор овард. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳукми рӯзи 2-юми феврал паём ба дигар мухолифони ҳукумат аст, ки саркӯб хоҳанд шуд. Додрас Наталя Репникова дар ҳукми худ гуфт, ҳабси шартии Алексей Навалний бар асоси хулосаҳои додгоҳи соли 2014 оид ба иттиҳоми фасод ба ҳукми 2 солу 8 моҳи зиндон иваз мешавад. Ӯ гуфт, ки Навалний ҳукмро дар зиндони низомаш умумӣ пуштисар хоҳад кард.

Ин қарор хашми тарафдорони ӯро ба бор овард, ки ҳамон замон ба нишони эътироз ба хиёбонҳо рехтанд. Вашингтон аз Русия талаб кард, ки Навалний ва дигар эътирозгарони ахиран боздоштшударо озод кунад. Олга Михайлова, вакили дифои Навалний гуфт, ки аз болои ин ҳукм бо талаби бозбинӣ шуданаш шикоят хоҳад бурд.

Сиёсатмадори 44-сола баъди солҳои зиёд батадриҷ ва ба таври моҳирона матраҳ кардани мушкилоти иҷтимоиву фасод дар ҷомеаи Русия ба як шахсияти фавқулодда маъруфи оппозитсияи ин кишвар табдил шуд. Ӯ як таҳдиди воқеии Кремлин шудааст ва таҳлилгарон мегӯянд, зоҳиран, мақомот дар шахсияти ӯ мехоҳанд дигарҳоро ҳам муҷозот кунанд. Татяна Становая, муассиси маркази таҳлилии R.Politik гуфт, ки ҳукми сангини Навалний ва дигарҳо ба он маъност, ки онҳо “дарк бикунанд, ки имкон дорад умри боқимондаи худро пушти панҷара сипарӣ кунанд”.