Дар натиҷаи як силсила таркишҳо дар Афғонистон се нафар кушта шуд.
Полис гуфт, дар инфиҷори мошине дар шаҳри Кобул, рӯзи 2-юми феврал, ду нафар, аз ҷумла Муҳаммад Ориф, раиси созмони "Ҷамъияти ислоҳ" кушта шуданд. Дар гӯшаи дигари Кобул ду мошини дигар таркид ва чанд нафарро маҷрӯҳ кард.
Мақомот гуфтанд, барои анҷоми таркиш бомбаҳои, ба истилоҳ, "часпакӣ" истифода шудааст. Сухангӯйи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ин гурӯҳ ба ҳамлаҳои 2-юми феврал ҳеч рабт надорад.
Дар пайи таркиши ҷудогонаи мошине дар вилояти шарқии Ҷалолобод як сарбоз кушта шуд ва дар як таркиши дигар дар вилояти Парвон як мақоми баландпоя мавриди ҳадаф қарор гирифт.
Бо вуҷуди ин ки Толибон ҳамлаҳои навбатиро дар Кобул рад мекунанд, дар гузориши як созмони нозири ҳуқуқи башари амрикоӣ се рӯз пеш гуфта шуд, ҳамлаҳои Толибон ба мақомоти ҳукуматӣ, фаъолон ва журналистон афзоиш ёфтааст.
Гузоришҳо дар ҳолест, ки маъмурияти президенти Амрико, Ҷо Байден, гуфт, ба созиши сулҳ бо Толибон нигоҳи наве хоҳад кард.