Кремлин дипломатҳои хориҷиро аз "талоши таъсиргузорӣ" ба мурофиаи Навалний ҳушдор дод. ВИДЕО

Мурофиаи Алексей Навалний, рӯзи 2-юми феврали 2021

Кремлин дипломатҳои Ғарбро аз талоши таъсиргузорӣ ба Додгоҳи Маскав дар робита ба муҳокимаи парвандаи раҳбари мухолифин Алексей Навалний ҳушдор дод.

Дар мурофиаи рӯзи 2-юми феврал дархости Хадамоти зиндонҳои Русияро баррасӣ мекунанд, ки мегӯяд, мунтақиди Кремлин барои поймол кардани ҳукми соли 2014 оид ба ҳабси шартӣ бояд ба муҳлати то 3,5 сол зиндонӣ шавад.

Ин мурофиа ва иттиҳомро Навалний ва тарафдоронаш ҳамчун “беқонунӣ” танқид кардаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, рӯзи сешанбе гуфт, “дипломатҳо набояд ба амалҳое даст зананд, ки ҳамчун талоши фишороварӣ ба додгоҳ арзёбӣ шавад”. Маълум нест, оё кадом дипломати хориҷиро барои ширкат дар мурофиаи додгоҳии Навалний роҳ доданд ё на.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар додгоҳи Маскав муҳокимаи Алексей Навалний шурӯъ шуд

Додгоҳи ноҳияи Симоновскии шаҳри Маскав дар ҷаласаи сайёре, ки рӯзи сешанбе дар бинои додгоҳи шаҳри Маскав шуруъ шуд, аризаи Хадамоти федеролии иҷрои ҷазоро дар бораи тағйири ҳукми додгоҳи Алексей Навалний аз рӯи парвандаи “Ив Рошер” дар соли 2014 баррасӣ мекунад.

Алексей Навалний, ки аз 18-уми январ дар боздоштгоҳи мавсум ба “Матросская тишина” нигаҳдорӣ мешавад, дар додгоҳ оид ба иттиҳоми худ гуфт, хадамоти зиндонҳо бо ин ҷумла, ки гуё онҳо дар бораи будубоши ӯ хабар надоштанд, додгоҳро гумроҳ мекунад.

Ин мурофиа дар пасманзари намоишҳои эътирозии тарафдорони Навалний баргузор мешавад, ки бо ҳукумати президент Владимир Путин розӣ нестанд. Дар ин замина Дмитрий Гудков, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия дар сӯҳбат бо ТВ "Настоящее Dремя" рӯзи 2-юми феврал гуфт:

"Таҳаввулотро мушоҳида карда, ба чунин натиҷа омадан мумкин аст, ки ҳукумат комилан аз воқеият канда шудааст ва дигар намефаҳмад, ки на бо Навалний, балки бо шаҳрвандон ва ҷомеа меҷангад. Эътирозҳо дигар аз чаҳорчӯби нирӯҳои либералӣ хориҷ шудааст ва мардум дар бисёр минтақаҳо на ба хотири Навалний, балки ба хотири мухолифат бо ҳукумат, беадолатӣ ва дар пасманзари васоили тиллоии тозакунии ҳоҷатхонаҳо, ки дар филми қаср дидем, зидди фақру бенавоӣ мебароянд."

Хабарнигорони ТВ "Настоящее Время" мегӯянд, маҳалли додгоҳ дар иҳотаи сахти нирӯҳои қудратӣ ҷараён дорад ва пеш аз мурофиа сад нафар боздошт шуд.