Байден бо ҷумҳурихоҳон бастаи кӯмакҳои азимро баррасӣ кард

Президенти ИМА Ҷо Байден дар мулоқоте бо гурӯҳи ҷумҳурихоҳон дар Кохи Сафед, ки рӯзи 1-уми феврал баргузор шуд, барномаи кӯмакҳо дар шароити пандемияи коронавирусро баррасӣ кард, вале ҳамонгуна, ки пешбинӣ мешуд, ризоияти тарафҳо ҳамон замон ҳосил нашуд. Байден як барномаи азими кӯмакҳо дар ҳаҷми 1,9 триллион долларро қабул карданӣ аст ва демократҳо гуфтаанд, ки бидуни пуштибонии ҷумҳурихоҳҳо ҳам онро қабул карда метавонанд. Гурӯҳи 10-нафараи сенаторҳои ҷумҳурихоҳ пешниҳод карданд, ки барномаи кӯмакҳо аз 618 миллиард доллар иборат бошад ва ин метавонад Байденро ба ҳадафи муттаҳидсозии кишвар ва дастёбии пуштибонии бетарафонаи ҳама ҷонибҳо бирасонад. Сенатор Сюзан Коллинз баъди ҷаласа гуфт, ки он “самимиву муфид” гузашт ва ҳарду ҷониб музокираро идома медиҳанд. Кохи Сафед ҳам гуфт, ки сӯҳбати Байден бо ҷумҳурихоҳҳо “муфид” буд.