Аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон дар маркази таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои корӣ

Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон. Равобити ду кишвар бо сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев беҳбуд ёфт

Дар Душанбе музокироти байни гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Ба навиштаи вазорати умури хориҷӣ, ин музокирот 26-30-юми январ барпо шуд ва дар ҷараёни он нақшаи кории мулоқоти ҳармоҳаи ду ниҳод дар соли ҷорӣ мувофиқа шудааст. “Ҷонибҳо роҷеъ ба макон ва таърихи анҷом додани корҳои муштараки саҳроӣ ба мувофиқа расида, дигар масъалаҳои марзӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд”, мегӯяд вазорати хориҷа. Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.

Январи соли 2020 мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи баргузории нахустин ҷаласаи Коммиссиюни муштараки аломатгузории марзи ду кишвар хабар доданд. Ҷаласае, ки рӯзи 7 январи порсол дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва фаннии заминагузор дар анҷом ҷараёни аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон тасдиқ гардиданд.

Тӯли марзи давлатии Тоҷикистону Узбекистон 1332 км аст, вале дар беш аз 25 соли раҳбарии президенти собиқ Ислом Каримов Тошканд омодаи баррасиву имзои созишномаи марзӣ набуд. Танҳо баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв ва сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ин созишнома ба имзо расид. Аз ҷумла, бар асоси ин созиш ду кишвари ҳамсоя аҳд карданд, ки обанбори воқеъ дар марзи ду кишвар “Фарҳод”-ро барои тақрибан ним асри дигар ҳамроҳ истифода баранд.

Тӯли 25 соли охир тасвиб нашудани қарордоди марзии миёни Тоҷикистону Узбекистон ба баҳсҳо дар атрофи моликияти ин нерӯгоҳ марбут буд. Тошканд даъво дошт, ки ин нерӯгоҳ моли Узбекистон аст ва Душанбе иддао мекард, ки он дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст. Маҳз рӯшан набудани сарнавишти ин нерӯгоҳ, ба эътиқоди соҳибназарон, яке аз сабабҳои аслии мушкили марзии миёни Тоҷикистону Узбекистон будааст.

Мушкили дигари марзи ду кишвар дар он буд, ки замони ҷанги дохилии Тоҷикистон мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки ба хотири пешгирӣ аз вуруди ҷангиёни ифротгаро ба хоки ин кишвар хати марз бо Тоҷикистонро минагузорӣ мекунанд. Вале аз беш аз 80 кушта ва даҳҳо захмие, ки дар муддати даҳсолаҳо дар марзи ду кишвар сабт шудааст, аксаран афроди мулкӣ ва сокинони деҳоти марзӣ, аз ҷумла кӯдакон ҳадаф қарор гирифтанд. Моҳи октябри соли 2018 мақомоти ҳарду кишвар гуфтанд, ки ба поккории марз аз мина шурӯъ карданд ва тибқи гузоришҳо, Узбекистон гуфтааст, ки минаҳои дар марз бо Тоҷикистон ҷогузоришударо барчидааст. Вале дар робита бо ин хабар ҳанӯз мақомоти тоҷик изҳори назар накардаанд.