Парвандаи Хӯҷа-Командир ба додгоҳ рафтааст

Парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Хӯҷа Каримов, (Хӯҷа-Командир) аз фармондеҳони Фронти халқӣ дар солҳои 90, аз сӯи Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ шуда, ба додгоҳ фиристода шудааст.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, Хӯҷа Каримов дар "20 ҷинояти куштор айбдор дониста мешавад".

Мақомоти интизомии кишвар соли гузашта гуфта буданд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Назари пайвандон ва вакили мудофеаш маълум нест.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли гузашта аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.