Ҳавопаймои низомии Покистон барои ворид кардани ваксини зидди COVID-19 озими Чин шуд

Покистон тасмим дорад, дар ҳафтаи ҷорӣ ваксиназании сартосариро шуруъ кунад. Бо ҳадафи ворид кардани ваксинаи чинӣ, як ҳавопаймои низомии Покистон ахиран озими Чин шуд.

Интизор меравад, ки ҳавопаймо бо 500 ҳазор вояи воаксинаи SinoPharm ба Покистон баргардад.

Ваксинаи чиниро дар Покистон дар навбати аввал кормандони соҳаи тиб мегиранд. Ҳадди ақал 400 ҳазор корманди тиб дар навбати ваксинагирӣ номнавис шудаанд.

Рӯзи 30 январ вазорати ҳифзи тандурустии Покистон эълом кард, ки ин кишвар аз ваксинаи AstraZeneca, истеҳсоли ширкати муштараки дорусозии Бритониёву Швейтсария 17 миллион воя дастрас хоҳад кард.

Раёсати танзими васоили табобатии Покистон истифодаи ваксинаҳои SinoPharm, AstraZeneca ва "Спутника V"-и русиро тасдиқ кардааст.

Як назарпурсии ахири маркази пажуҳишии Gallup Pakistan собит кардааст, ки эҳтимол дорад, нисфе аз покистониҳо аз гирифтани ваксина худдорӣ кунанд. Ба бовари онҳо, хатари коронавирус беш аз андоза нишон дода мешавад.

Дар он кишвар 544 ҳазору 813 ҳолати гирифторӣ ва 11 ҳазору 657 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.