Як созмони амрикоӣ гуфт, ҳамлаҳои Толибон то рафт афзоиш меёбад

29-уми январ таркиши мина боиси кушта шудани як ходими полис дар вилояти Фараҳ шуд

Як таҳиқи тозаи созмони ҳомии ҳуқуқе дар Амрико мегӯяд, ҳамлаҳои Толибон дар Кобул афзоиш меёбад ва ҳарчи бештар мақомоти давлативу фаъолон ва журналистон мавриди ҳадаф қарор мегиранд. Гузориши созмони SIGAR - гурӯҳи назоратии сарфу харҷи маблағҳои ИМА дар Афғонистон дар ҳоле нашр мешавад, ки маъмурияти Байден мехоҳад созиши ИМА ва Толибонро бозбинӣ кунад. Ин санад 29-уми феврали соли 2020 дар давраи президентии Доналд Трамп имзо шуд. Гузориш мегӯяд, “ҳамлаҳои душманон назар ба чормоҳи соли гузашта хеле бештар буд”. Ба иттилои ҳайати сулҳи НАТО дар Афғонистон, аз 1-уми октябр то 31-уми декабри соли 2020 дар Афғонистон 810 нафар кушта шуда, 1776 нафар маҷрӯҳ гардиданд.