Дари масҷидҳои Тоҷикистон аз 1-уми феврал боз шуд. Дар Масҷиди марказии Душанбе пеш аз вуруд барои адои намози пешин дастони намозгузор бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ пок карда мешуд. Инчунин дар сафи намоз аломатҳо гузошта шудааст, ки ҳар намозгузорон бояд дар ҳамонҷо ва дур аз ҳамдигар истанд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, ё муфтии Тоҷикистон, аз намозгузорон хост, қоидаҳои беҳдоштиро дар вақти ибодат риоят кунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Абдулқодирзода, ҳар намозгузор бояд бо худ ба масҷид ҷойнамоз орад ва дар саф зич наистанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо вуҷуди зери чораҳои эҳтиётӣ баргузор шудани намоз, сокинон хурсанданд, ки дари масҷидҳо дубора боз шудааст. “Зиқ шудем бе масҷид,” - мегӯяд Абдунабӣ Набиев, сокини Душанбе.
Бархе дигар аз намозгузорон ба мисли Оятулло Холназаров гуфтанд, талош мекунанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд, ҳарчанд дар масҷиди марказии Душанбе дида мешуд, ки фосилаи иҷтимоӣ чандон риоят намешавад. Вале бештари намозгузорон ниқоб доштанд.
Таъкидҳои масъулин барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар вақти ибодат барои он аст, ки мақомот ҳушдор додаанд, ҳар масҷиде, ки қоидаҳоро риоя намекунад, баста мешавад. “Фаъолияти масҷидҳое, ки дар онҷо талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намекунанд, манъ карда мешавад,” - гуфта шудааст, дар изҳороти Ситоди муқобила бо COVID-19.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 1-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳар ҷойи ҷамъиятӣ, ки шароити беҳдоштӣ, шахсию ҷамъиятӣ дар он риоят намешавад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ чора андешида мешавад. Дар нисбати масҷидҳо ин чиз истисно буда наметавонад. Ҳар масҷиде, ки қоидаҳои беҳдоштиро сарфи назар мекунад ва эҳтимоли гирифтории сокинонро ба бемории сироятӣ ба вуҷуд меорад, фаъолияти он то рафъ кардани мушкилот баста мешавад.”
Сокинон дар посух ба ин таъкидҳои мақомот мегӯянд, чаро риояти қоидаҳои беҳдоштӣ дар бозор ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҷиддӣ назорат намешавад ва танҳо мақомот масҷидҳоро зери назорати сахт гирифтаанд.
Масҷидҳо дар Тоҷикистон моҳи март барои ду ҳафта ва баъдан аз 18-уми апрели соли гузашта бастанд. Дар пайи масҷидҳо, мактабу донишгоҳ ва бозорҳо ҳам баста шуданд, вале баъдан марҳила ба марҳила маҳдудиятҳо барои мактабу бозорҳо бардошта шуданд.
Теъдоде аз эътиқодмандон ҳукуматро ба он муттаҳам мекарданд, ки аз ин роҳ ҳаққи озодии эътиқоди мардумро зери по мекунад. Мақомот мегуфтанд, азбаски ба масҷид пиронсолон, як қишри осебпазир дар баробари коронавирус мераванд, беҳтар аст онҳо то замони беҳбуди вазъ баста бимонанд. Ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ва маҳдуд кардани озодиҳои динӣ бисёр танқид мешавад.
Дар шароити пандемия, ки ҳанӯз охири роҳ торик аст, маълум нест, дари масҷидҳо то кай боз мемонад. Бисёре аз сокинон ба ояндаи нек умед мебанданд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабтином кардаанд. Масҷидҳо яке аз маконҳои асосии ҷамъ шудани одамон бахусус дар рӯзи ҷумъа аст.