Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифтории сокинон ба COVID-19 хабар медиҳад, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, "кай дари масҷидҳоро мекушоянд?" Масҷидҳои Тоҷикистон 10 моҳ инҷониб бастаанд.
Муфтӣ: Маълумоти расмӣ нагирифтем
Охири моҳи сентябри соли 2020 мақомот гуфта буданд, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир дар миёни солмандон наметавонанд, ба фаъолияти масоҷид иҷозат диҳанд. Онҳо аз мардум хостанд, то замони муътадил шудани вазъ ибодатро дар хонаҳои худ ба ҷо оранд.
Дар бештар аз як ҳафтаи охир нашри изҳороти мақомот дар бораи сабт нашудани ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 пурсиши сокинонро дар бораи кай кушода шудани масҷидҳо бештар кардааст.
Дар як назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ дар Ютуб, ки "Имрӯз аз ҳама саволи асосӣ барои Шумо кадом аст?" 23 ҳазор нафар иштирок карда, 67 дарсад кай кушода шудани масҷидҳоро зикр кардаанд.
Намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, дар мавриди кушодани масҷидҳо мақомоти тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 тасмим мегиранд. Як корманди ин ниҳод, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъзе пешниҳодҳо шудааст, аммо маълум нест мақомоти беҳдоштӣ дар ин маврид чӣ ҷавоб медиҳанд."
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми январ дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз дар мавриди кушодани масҷидҳо маълумоти расмӣ нагирифтаанд. Ӯ шарҳи бештари мавзуъро ба салоҳияти Кумитаи дин ва Вазорати тандурустӣ вогузошт.
Дар Вазорати тандурустӣ касе ҳозир нашуд, масъалаи кай кушода шудани масҷидҳоро шарҳ диҳад. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи вазорат, барои посух гуфтан ба ин суол мактуби расмӣ пурсид.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
"Маҳдудиятҳоро бардоштанд, масҷидҳоро кушоянд"
Худдории мақомот аз шарҳи мавзуъ дар ҳолест, ки Абдусаттор Хидиров, сокини Душанбе, мегӯяд, "бастани дари масҷидҳо тақрибан то чанд вақти дигар идома хоҳад кард?" Ӯ афзуд, чун маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус дар ҳама соҳаҳо бекор шудааст, "беҳтар аст, дари масҷидҳоро низ кушоянд".
Мақомот дар гузашта дар як ҷо ҷамъ шудани намозгузорони зиёд ва эҳтимоли густариши бемориро далел пеш меоварданд.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол боз будани бозору тарабхонаҳо ва дар як мусофирбар ҷой шудани даҳҳо нафар ва баъзан бе ниқоби тиббӣ шояд пурсиши сокинонро дар бораи кай кушода шудани масҷидҳо бештар кардааст.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси умури дин, гуфт, масҷид дар Тоҷикистон на танҳо маҳалли ибодат, балки ҷойи ҷамъиятӣ низ ҳаст. "Ҳоло хабар надорем, ки байни мардум чӣ мегузарад, чунки пештар ба масҷид меомаданд ва аз андешаи онҳо хабардор мешудем. Ҳоло дар бораи чӣ гап мезананд, дар сарашон чӣ фикр аст, маълум нест. Ин чиз хатарнок аст", -- шарҳ дод ӯ.
Коршинос афзуд, шояд замони он расидааст, ки мақомот дари масҷидҳоро кушоянд, аммо бемасъулиятии баъзе аз сокинонро барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сарфи назар накунанд.
Эҳсоси хатар аз чист?
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз коҳиши назарраси сирояти COVID-19 хабар медиҳанд, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, намуди нави коронавирус ба беш аз чиҳил кишвар паҳн шудааст. Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино ба Радиои Озодӣ гуфт, аз вазъи кишварҳои ғарбӣ ва зуҳури шиддати нави вирус нигарон аст ва, аз нигоҳи ӯ, "ҷойҳои серодам аз лиҳози интишор (паҳншавӣ)-и вирус хатарноканд."
Дари масҷидҳоро дар Тоҷикистон бори аввал моҳи марти соли 2020 барои ду ҳафта ва баъдан аз 18-уми апрели соли гузашта то инҷониб бастаанд. Дар пайи масҷидҳо, мактабу донишгоҳ ва бозорҳо ҳам баста шуданд, вале баъдан марҳила ба марҳила маҳдудиятҳои ҷоришуда барои мактабу бозорҳо бардошта шуданд.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабтином кардаанд.