Муҳоҷир дар нақши бемор ва ё ронандаи мошини боркаш. Роҳҳои "хатарнок"-и расидан ба Русия

Ҳуқуқдонҳо муҳоҷиронро аз сафари ғайриқонунӣ ба Русия ҳушдор медиҳанд. Баҳори соли гузашта ҳазорҳо муҳоҷир дар Русия аз кор маҳрум шуда, ба хонаҳои худ баргаштанд. Ҳоло бо поён ёфтани ваҳму таҳлука дубора талоши бозгашт ба Русияро доранд.

Онҳо аз ҳар роҳи мумкин истифода мебаранд: Санади қалбакии ташхиси тиббӣ мехаранд, худро ронандаи боркаш муаррифӣ мекунанд ва ё тавассути ҷангал марзро мегузаранд.

Косаи сабри марзбонони рус ҳам пас аз ҳодисаи рӯзи 29-уми декабр дар Шереметево лабрез шуд. Ба ин фурудгоҳ 100 шаҳрванди Узбекистон, аз ҷумла занон, бо маълумотномаи якхелаи тиббӣ омаданд.
Валентина Чупик

"Русия манбаи даромади ман аст"

Дониёри 26-сола, ки қаблан дар ошхонае дар Маскав фаъолият дошт, моҳи марти соли гузашта ҷойи корро аз даст дод. Ӯ дар замони авҷи коронавирус дар хонаи иҷора бекор монд ва дар ин муддат пулҳои захиракардаашро ба хариди хӯрок сарф намуд. Моҳи сентябр ба зодгоҳаш, Андиҷони Узбекистон, баргашт.

"Баъди бозгашт каме истироҳат кардам ва баъдан ба ҷустуҷӯйи кор баромадам. Панҷ моҳ боз наметавонам дар ватан кор пайдо кунам. Аз ҳама зиёд бо маоши 130-150 доллар кор пешниҳод мекунанд, вале дар Русия то 8-10 баробар зиёд даромад доштам", -- мегӯяд Дониёр.

Вай афзуд, маош дар Узбекистон ба далели афзоиши нерӯи корӣ поин рафта, зиндагӣ ҳам мушкил шудааст: "Русия на фақат ҷойи кор, балки макони зисти ман аст. Дӯстони ман ҳама дар он ҷоянд. Аз 18-солагӣ дар Русия кору зиндагӣ кардаам."

Бо ин вуҷуд, Дониёр ба фарқ аз ҳамватанони дигараш барои бозгашт ба Русия бо роҳҳои ғайриқонунӣ талош надорад ва намехоҳад таваккал кунад.

"Ба Маскав парвоз кардан мушкил нест. Мушкил гузаштан аз қисми тафтиши санадҳо аст. То соли нав имкон дошт, як нафар бо 1000-1200 доллар худро ба Русия бирасонад. Ба ин маблағ билети ҳавопаймо, маълумотномаи тиббӣ ва ҳаққи хизмати ташкилкунандаҳои сафар дохил мешуд. Ба муҳоҷир кафолати даҳонӣ дода мешуд, ки дар марз мушкиле нахоҳад дошт, аммо на ҳама тавонистаанд бо ин роҳ аз марз гузаранд", -- нақл кард ӯ.

Фурудгоҳи Шереметево, моҳи майи 2020

Ронандаҳои қалбакӣ ва санадҳои сохтаи тиббӣ

Аз моҳи марти соли 2020 марзҳо бастаанд ва танҳо онҳое иҷозаи сафар ба Русияро доранд, ки ягон хеши наздикашон шаҳрвандии ин кишварро дорад ё бемор асту ба табобат зарурат дорад. Мутахассисони соҳибтаҷриба ҳам иҷозаи вуруд ба Русияро доранд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва иҷрокунандаи вазифаи раҳбари созмони “Тонг ҷаҳони”, гуфт, маълумотномаи тиббӣ бояд шакли махсус дошта бошад ва дар он таъкид карда шавад, ки шахс ба табобат дар шифохонаҳои Русия зарурат дорад. Ин маълумотнома, ба гуфтаи вай, бояд 45 рӯз мӯҳлат дошта бошад ва пас аз табобат соҳиби он бояд фавран Русияро тарк кунад.

Вақте маълум шуд, ки кадом гурӯҳи одамон ҳаққи вуруд ба Русияро доранд, ширкатҳое пайдо шуданд, ки барои хоҳишмандони сафар санади заруриро омода мекунанд.

Нодира Абдуллоева, коршиноси масоили муҳоҷират ва намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон дар Душанбе, мегӯяд: "Ҳоло муҳоҷирон кӯшиш доранд, бо ҳар роҳе ба Русия баргарданд. Ҳуқуқшиносони маркази мо мегӯянд, агар қаблан мавзӯи рақами аввал бекор кардани қарори манъи вуруд ба Русия буд, ҳоло муҳимтар барои онҳо ин аст, ки бо кадом роҳ ба Русия бираванд.”

Ба гуфтаи Абдуллоева, ба ҷуз аз маълумтномаи қалбакии тиббӣ як роҳи дигари маъмул барои расидан ба Русия ин аст, ки муҳоҷир худро ронандаи дувуми мошинҳои боркаш муаррифӣ мекунад. (Ронандагони мошинҳои калони боркаше, ки ба Русия ва ё тавассути ин кишвар ба давлатҳои дигар мераванд низ ҳаққи ворид шудан ба Маскавро доранд)

Аммо барои ин муҳоҷирро мебояд шаҳодатномаи ронандагии махсус барои мошинҳои калон дошта бошад ва аз 1000 то 1200 доллар “ҳаққи хизмат” диҳад. Нодира Абдуллоева мегӯяд, ин шеваи сафар бештар дар шимоли Тоҷикистон маъмул шудааст. Хоҳишмандонро аз он ҷо ба Қазоқистон ва пас аз он ба Русия мебаранд.

Муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик дар Русия. Моҳи ноябри 2020

Аз ҷарима то зиндон - оқибати сафар ба воситаи Беларус

Бино ба иттилои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, Валентина Чупик, ворид шудани муҳоҷирон бо мошинҳои калони боркаш ба ҳудуди Русияро ҳуқуқшиносон ҳанӯз моҳи июли соли гузашта мушоҳида кардаанд. Аз миёнаҳои моҳи сентябр муҳоҷирон гурӯҳ - гурӯҳ тавассути Беларус, ки парвозҳои доимиро бо кишварҳои дигар қатъ накарда буд, ба Русия ворид мешуданд.

Вале хонум Чупик таъкид мекунад, ки “ин қонуншиканӣ аст”: “Шаҳрвандони хориҷӣ бояд мустақим аз кишвари худ ё кишваре, ки ба ӯ ҳаққи иқомат додааст, ба Русия сафар кунанд. Талоши вуруд ба воситаи Беларус бо шиносномаи кишвари дигар метавонад бо оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муҳоҷир анҷом ёбад. Ӯ ба “убури ғайриқонунии марзи Русия” айбдор карда мешавад, ки барои ин аз 300 ҳазор рубл ҷарима то 4 соли маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст."

Валентина Чупик

Ба созмони “Тонг ҷаҳони” даҳҳо нафаре муроҷиат кардаанд, ки бо чунин роҳҳои ғайриқонунӣ марзро гузашта, ба боздоштгоҳҳои муваққатии Русия афтидаанд. "Барои мисол, тирамоҳ ба ман чанд муҳоҷири қирғиз занг заданд, ки бо автобус аз гузаргоҳи "Се хоҳарон"-и Русияву Беларус то истгоҳи "Домодедово" омадаанд ва он ҷо онҳоро боздошт намудаанд", – мегӯяд Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.

Каримҷон Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Русия, ба ин бовар аст, ки "долони муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба воситаи Белорус хуб ба роҳ монда шудааст. Одамон бо хатсайри Душанбе – Минск парвоз мекунанд ва дар он ҷо ронандаҳои таксӣ онҳоро пешвоз гирифта, ба ивази 10-15 ҳазор рубл аз марз мегузаронанд. Нақша кайҳо кашида шудааст. Ҳар касеро лозим аст мегузаронанд. Аз ҳама бад ин аст, ки барои ин муҳоҷирро ҷазои сахт таҳдид мекунад."

Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, онҳо на танҳо талоши убури марз ба воситаи Беларусро мекунанд, балки мавридҳое ҳам ҳаст, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон то марзи Қазоқистон омада, аз он ҷо бар ивази 15 ҳазор рубл вориди Русия шудаанд.

"Зимистон мо огоҳ шудем, ки сафи муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ вориди Русия мешаванд, афзоиш ёфтааст ва моҳи декабр дар ин бора пахши мустақим доштем. Пас аз ин, ба мо аз боздоштгоҳҳои Русия муҳоҷирони хеле зиёд занг мезаданд. Ба гуфтаи афроде, ки қоидашиканӣ кардаанд, ба онҳо 2 соли зиндон таҳдид мекунад”, – илова кард Валентина Чупик.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, аз 15-уми март то 15-уми декабри соли 2020 барои қонуншиканӣ дар марз 3 ҳазору 876 нафар аз Осиёи Марказӣ боздошт шудаанд. Нисбат ба 339 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. 7-уми декабри соли гузашта Шӯрои вазирони Беларус қароре қабул кард, ки тибқи он аз 21-уми декабр бо роҳи заминӣ берун шудан аз ин кишвар манъ аст.

"Мутаассифона, муҳоҷирони мо хушбинанд"

Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, ба фарқ аз шаҳрвандони Узбекистон, тоҷикистониён тавонистанд бо муассисаҳои тиббии Русия забон ёфта, маълумотномаи “воқеии” тиббӣ бо муҳр ва имзои ҳақиқӣ бигиранд. Ӯ вазъро чунин тасвир мекунад: "Чунин хизматрасонӣ дар умум 90 ҳазор рубл нарх дорад. Бо шумули пули билет ва ҳаққи хизмати ширкатҳои роҳбалад."

Валентина Чупик, фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, то охири моҳи ноябр одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба Русия гуиё барои табобат меомаданд. “Косаи сабри марзбонони рус ҳам пас аз ҳодисаи рӯзи 29-уми декабр дар Шереметево лабрез шуд. Ба ин фурудгоҳ 100 шаҳрванди Узбекистон, аз ҷумла занон бо маълумотномаи якхелаи тиббӣ, ки гӯиё ҳама як беморӣ доранду бояд муолиҷа гиранд, омаданд. Шаби 4-уми январ онҳо ба ватан баргардонида шуданд. 31-уми декабр як ҳавопаймои пур аз муҳоҷирон бо маълумотномаҳои қалбакии тиббӣ аз Душанбе ба Русия омад. Онҳо тамоми таътилро дар фурудгоҳ гузарониданд. Ҳавопаймо фақат рӯзи 14-уми январ омада, онҳоро бурд", – нақл кард Чупик.

Бино ба иттилои созмони “Тонг ҷаҳони”, узбекистониҳо маълумотномаи тиббиро ба ивази 20 – 23 ҳазор рубл харидаанд. Нархи маълумотнома дар Тоҷикистон аз 18 то 25 ҳазор рубл будааст. Нархи билет 45 ҳазор рубл.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, пас аз ҳодисаи нохуши сафари ғайриқонунии узбекистонҳо ба Русия аз ин кишвар дигар қариб касе талоши сафар надорад. Аммо тоҷикон ҳанӯз таваккал карда, бо ҳар роҳ кӯшиши расидан ба Маскавро мекунанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, мегӯяд муҳоҷирон аксарият хабари боло рафтани ҳақмуздро дар Русия шунида, бо нияти он ки ду моҳ кор мекунанду қарзҳояшонро бармегардонанд, роҳи ин кишварро пеш мегиранд. “Аммо ҳоло ин як хатар аст. Бархеҳоро сабтином ва патент мекунанд, бархеро не ва онҳо ба дасти пулис меафтанд. Ба болои ин, дар қарз меғӯтанд. Ман кӯшиш мекунам, ба муҳоҷирон фаҳмонам, ки бо 90 ҳазор рубл мешавад дар Тоҷикистон ним сол зиндагӣ кард. Чаро бояд таваккал карда, ба Русия рафт? Баъд аз ним сол ба таври қонунӣ метавонанд ба ин кишвар биёянд.”

Cафар ё хатар?

Нодира Абдуллоева, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, ҳуқуқшиносони Маркази онҳо пайваста ба муҳоҷирон аз оқибатҳои вуруд ба Русия бо мошинҳои калони боркаш ва санадҳои қалбакии тиббӣ ёдовар мешаванд, аммо ин ҳам наметавонад муҳоҷиронро аз роҳ баргардонад.

“Мо омори дақиқи одамонеро, ки бо ин роҳҳо рафтаанд, дар даст надорем. Вале мушкил то ҳадде ҷиддӣ аст, ки ҳамкасбони мо аз Русия аз мо хоҳиш мекунанд, муҳоҷиронро аз роҳ баргардонем. Ҳуқуқшиносони мо ёддошт ё варақаҳои иттилоотиро бо забони тоҷикӣ омода доранд, ки дар он ҳама хатарҳои роҳи расидан ба Русия оварда шудааст. Ин китобча дар минтақаҳо паҳну тақсим карда мешавад".

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия тайи моҳҳои охир чанд дафъа дар бораи нарасидани коргарон дар сохтмонҳо таъкид карда, ба кушодани роҳи муҳоҷирон даъват намуданд. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, то ин дам дар бораи сафари беш аз 400 муҳоҷир ба вилояти Иркутски Русия маслиҳат шуда, рӯзи 30-юми январ гуруҳи аввали онҳо аз Душанбе ба Русия рафтаанд.

Ҳар сол, ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, то ним миллион ва ба иттилои ҷониби Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик барои кору зиндагӣ ба Русия мерафтанд. Имсол, ба қавли мақомот, 80 дарсдаи онҳо дар кишвар монданд. Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон мунтазири ҳарчи зуд боз шудани роҳҳо ба Русия ҳастанд, то рӯзии худу пайвандонро ёбанд. Онҳо аз бекорӣ ва набудани даромад дар Тоҷикистон шикоят доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Президент Раҳмон паём дод. Мухолифин: "Аз озодиҳо ва нарх дар бозорҳо нагуфт" ВИДЕОТоҷикистон гуруҳи муҳоҷиронро ба Иркутски Русия ба кор мефиристад ADB барои касбомӯзии муҳоҷирон $30 млн дод. Мушкили бекорӣ ҳал мешавад? ВИДЕОДар Русия гуфтанд, муҳоҷирони "серхаридор"-ро бармегардонанд, вале мунтазири боз шудани роҳ ҳастандБаъзе оилаҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, дастархони худро "хоксоронатар" кардаанд. ВИДЕОХалта бар сар. Чаро раиси ҷомеаи тоҷикони Самара аз Русия ронда мешавад?"Марз кай боз мешавад?" ва чаҳор сухани дигар, ки имсол сари забонҳо будЯк зодаи Тоҷикистон дар додгоҳи Страсбург ба Русия пирӯз шуд