Бо вуҷуди даъватҳои Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти Эрон рӯзи 30-юми январ як намояндаи ақаллияти балуҷро эъдом карданд.
Сомонаи расмии Додгоҳи Эрон навишт, Ҷовид Деҳқон ба куштани ду узви Сипоҳи посдорони инқилоб дар панҷ соли пеш дар Сиистон-Балуҷистон гунаҳкор буд. Вале баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ гуфтанд, эътирофи Ҷовид Деҳқон зери шиканҷа ба даст омадааст.
Дар эъломияи расмӣ, ӯро ҳамчун раҳбари гуруҳи ҷангҷӯйи суннӣ, маъруф бо номи "Ҷайш-ул-адл" муаррифӣ карданд.
Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон хоста буд, эъдоми Ҷовид Деҳқонро боздорад ва парвандаҳои дигарро дар ин замина бозбинӣ кунад. Дар эъломияи созмон силсилаи эъдомҳо, "аз ҷумла дастикам 28 маврид аз миёнаҳои моҳи декабр" дар Эрон шадидан маҳкум шудааст.
Тибқи хулосаи созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International, Эрон баъд аз Чин дувумин кишвари "ҷаллод" дар ҷаҳон аст.
Дар ҳафтаҳои гузашта фаъолон аз афзоиши ҷазои эъдом ва бахусус нисбат ба намояндагони ақаллиятҳо дар Эрон ибрози нигаронӣ карданд. Сухангӯйи OHCHR (Идораи Кумисариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон) гуфт, саркӯби ақаллиятҳо дар Эрон аз миёнаҳои моҳи декабр асосан курдҳо, арабҳо ва аҳвозиҳову балуҷҳоро ҳадаф қарор додааст.