Амрико фурӯши аслиҳаро ба Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб қатъ кард

Ҳавопаймои ҷангии F-35

Ҳукумати Ҷо Байден, президенти нави Амрико, фурӯши аслиҳаро ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба таври муваққатӣ қатъ кардааст. Қарордодҳои фурӯши аслиҳа ба ин ду кишвар дар даврони раҳбарии Доналд Трамп имзо шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, масъаларо бозбинӣ мекунад.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" рӯзи 27-уми январ гузориш дод, ки бар асоси ин тасмим, аз ҷумла масъалаи фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 ба Имороти Муттаҳидаи Араб, низ бозбинӣ мешавад.

Ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Араб дар замони президентии Трамп бо арзиши 23 миллиард доллар қарордоди хариди аслиҳа, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 бо Амрикоро имзо карда буд.

Имзои қарордодҳои бузурги фурӯши аслиҳаи амрикоӣ ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс он замон ба интиқодҳои сахти демократҳо дар Конгресс рӯбарӯ шуда буд. Ҳанӯз маълумоте дар бораи таъхири эҳтимолии фурӯши аслиҳаи амрикоӣ ба дигар кишварҳои арабӣ нашр нашудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо нашри эъломия гуфтааст, қарордодҳои фурӯши аслиҳа бозбинӣ хоҳад шуд. Аммо дар ин баёния гуфта нашудааст, ки ҳукумати нави Амрико чӣ тасмиме дар бораи ин созишномаҳо дорад.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Амрико, ин бозбинӣ барои шаффофият ва мудирияти беҳтари фурӯши аслиҳаи амрикоӣ аст, то Вашингтон мутмаин шавад, ки қарордодҳои басташуда ҷавобгӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини амният ҳаст ё не.

Доналд Трамп қарордоди фурӯши 30 ҳавопаймои ҷангии F-35 бо Имороти Муттаҳидаи Арабро имзо карда буд. Ин қарордод баъд аз беҳтар шудани робитаҳои ин кишвари арабӣ бо Исроил бо миёнаравии Амрико эълом шуд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар маъракаҳои интихоботии худ мухолифаташро бо истифода аз силоҳҳои Амрико дар ҷанги Яман эълон карда буд.

Майк Помпео, собиқи вазири умури хориҷии Амрико, чанд моҳ қабл ба Конгресси он кишвар аз фурӯши аслиҳаи кишвараш, аз ҷумла 50 ҳавопаймоии ҷангии Ф-35, ба Имороти Муттаҳидаи Араб хабар дод. Арзиши ин қарордод 10 миллиарду 400 миллион доллар гуфта шуда буд.

Вазорати дифои Амрико низ чанд рӯз баъд аз имзои қарордодҳо барои фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Арабистони Саудӣ ва Қатар хабар дод. Ба навиштаи расонаҳо, арзиши қарордод бо Арабистони Саудӣ барои дарёфти ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳудуди 11 миллиард доллар ташкил медиҳад.