Мусаввараи рассом Сандро Боттичеллӣ "Ҷавоне бо мидол" (Медальон) дар музоядаи "Sothebyʼs"-и шаҳри Ню-Йорки Амрико 92 миллиону 200 ҳазор доллар ба фурӯш рафтааст.
Ин барои кори Боттичеллӣ рекорди нав аст. Соли 2013 мусаввараи ӯ - "Мадонна бо кӯдак ва Иоанн Крестители ҷавон"-ро 10,4 миллион доллар харидорӣ карда буданд.
Ному насаби харидори мусаввараи "Ҷавоне бо мидол" ифшо карда намешавад.
Мусаввараи "Ҷавоне бо мидол" солҳои 1470-180 кашида шудааст. Он аз асри XVIII ба чандин насли хонаводаҳои ашрофзодаи Нюборо аз
Уэлс тааллуқ дошт ва соли 1982 онро шаҳрванди Амрико Шелдон Солоу 1,3 миллион харидааст.