General Motors, ширкати азимтарини мошинсозии Амрико ният дорад то соли 2040 ба истеҳсоли мошинҳои орӣ аз карбон ва то соли 2035 ба тавлиди мошину боркашонҳои бидуни партовҳои экологӣ гузарад. Нақшаҳои ин ширкат дар ҳоле эълон шудааст, ки президент Ҷо Байден гуфт, масоили ҳифзи муҳити зист ва фурӯши мошинҳои электронӣ яке аз авлавиятҳои кори ӯ хоҳад буд. Мери Барра, раиси ширкати General Motors гуфт, ширкаташ «ба ҳукуматҳову ширкатҳое дар саросари ҷаҳон ҳамроҳ мешавад, ки дар андешаи эҷоди ҷаҳони амну сабз ва беҳтар мебошанд». Барра гуфт, агарчанд дар марҳилаи кунунӣ истеҳсоли мошинҳои комилан бидуни партовҳо ба ҳаво имкон надорад, дар талоши ин ҳастанд, ки ихроҷи карбонро ба ҳаво кам ва ночиз кунанд.
Ширкати мошинсозии мазкур гуфт, то соли 2025 ният дорад 27 миллиард долларро ба истеҳсоли мошинҳои электрониву автоматӣ равона кунад ва мошинҳои онҳо мисли ширкати Tesla ва Volkswagen аз назари муҳити зист амну бехатар бошанд.
То соли 2025 ин ширкат ният дорад 30 намуд модели мошинҳои электрониро истеҳсол карда, 40 дарсадашон дорои батареяҳои электронӣ бошанд.