Собиқ ёвари Барак Обама фиристодаи ИМА дар умури Эрон шуд

Роберт Моллӣ. Акс аз соли 2015

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки маъмурияти президент Ҷо Байден дипломати собиқадор Роберт Моллиро ба мақоми фиристодаи вижа барои Эрон интихоб кардааст. Ин таъинот дар ҳолест, ки маъмурияти нави Кохи Сафед баъди чандин соли бад шудани равобит бо Ҷумҳурии Исломӣ талош дорад дубора муносибатҳоро тармим бикунад. Қарор аст котиби давлатӣ Энтони Блинкен дипломати собиқадор Моллиро, ки дар давраи Обама дар мақоми ёвари калони масоили амнияти миллӣ кор кардааст, нафари масъул барои Эрон таъин кунад. Манбаъҳо дар Департаменти давлатӣ гуфтанд, интизор аст, ки эълони расмӣ 29-уми январ садо диҳад. Молли нафари муҳим дар ҷараёни дастёбӣ ба созиши ҳастаии қудратҳо бо Эрон дар соли 2015 буд, вале Трамп се сол баъдаш ИМА-ро аз ин созиш хориҷ карду болои Эрон таҳримҳои сахти дигар ҷорӣ намуд. Дар вокуниш ба ин қарор Эрон тадриҷан аз тааҳҳудоти кардааш бар асоси созиш бо қудратҳо берун шуд.