Дар эътирозҳои Лубнон беш аз 200 кас осеб дидааст

Шаҳри Троблуси Лубнон, 27 январи 2021.

Дар эътирозҳои шаҳри Троблуси Лубнон зидди маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус беш аз 200 кас осеб дидааст.

Мақомоти Лубнон барои пароканда кардани эътирозгарон аз артиш истифода карданд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Лубнон, эътирозгарон ба сӯи маъмурони пулису сарбозон норинҷаки ҳарбӣ ва ба бинои шаҳрдории Троблус "коктейли Молотов" ҳаво доданд.

Эътирозҳо дар Троблус, яке аз шаҳрҳои фақиртарини Лубнон аз оғози пандемияи коронавирус идома доранд. Эътирозгарон бекор кардани маҳдудиятҳоеро талаб доранд, ки роҷеъ ба коронавирус ҷорӣ шудаанд. Ба гуфтаи сокинон, маҳдудиятҳо боиси рӯбарӯ шудани онҳо бо буҳрони иқтисодӣ шудаанд.

Ҳамоишҳои эътирозӣ то ба шаҳрҳои дигари Лубнон низ паҳн шудааст.

Мақомоти Лубнон баъди мавҷи дувуми коронавирус дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта вазъи фавқулода эълом карда, дари ҳамаи корхонаҳои хусусию давлатиро бастанд. Зиндагии наздики ду миллион муҳоҷири Сурия дар Лубнон вазъи ин кишварро мушкилтар кардааст.

Дар Лубнон дар умум наздики 290 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 2,5 ҳазор кас ҷон бохтааст.