Судури  ҳушдори сартосарӣ аз терроризм дар ИМА

Маросими савгандёдкунии президент Ҷо Байден бо риояи тадбирҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд

Вазорати амнияти дохилии ИМА як ҳушдори сартосариро содир кард, ки аз эҳтимоли сар задани хушунатҳо бо дасти тундгароҳои зиддидавлатии аз беназмиҳои 6-уми январ ба бинои Капитол “ҷасуршуда” маншаъ мегирад. Вазорат рӯзи 27-уми январ гуфт, ки дар бораи кадом нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе иттило надорад, вале аз он нигарон аст, ки афроди норозӣ аз интиқоли қудрат метавонанд даст ба хушунат бизананд. Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфт, ки “эҳтимолан дар муҳити ИМА давоми чанд ҳафтаи дигар як фазои таҳдиди афзоянда ҳифз шавад”. Дар паи ошӯби тарафдорони президенти собиқ Доналд Трамп ба бинои Капитол, ки бо натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва пирӯзии Ҷо Байден норозӣ буданд, дар ҷомеаи ИМА як танише эҳсос мешавад. Мақомот аз он нигаронанд, ки тундгароҳои маҳаллии норозӣ аз маҳдудиятҳои пандемияи коронавирусу эҳтимоли шурӯи муҳокимаи импичменти Трамп дар Сенат дар ҳафтаи дуюми моҳи феврал метавонанд бо илҳом аз террористони хориҷӣ даст ба кадом амале бизананд. Маҷлиси намояндагони ИМА дар робита бо ҳамла ба Капитол Трампро дар “таҳрик ба ошӯб” муттаҳам кард. Вазорати адлияи ИМА дар робита бо ин ҳамла беш аз 150 нафарро боздошт намуд ва боз нисбати садҳо нафари дигар парвандаи ҷиноӣ ва тафтишотро ба роҳ монд.