Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ ба порлумону ҳукумат ва сокинони кишвар паём дод. Вай эълом кард, ки дар Тоҷикистон коронавирусро шикаст доданд ва тавонистанд, мушкилҳои иқтисодии кишварро ҳал кунанд.
"Иқтисоди кишвар дар соли 2020-ум 4,5 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ташкилоти қарзии кишвар дар соли 2020 ба хотири коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор муштарӣ ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод кардаанд. Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ ва стипендияҳо 15 дарсад, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 дарсад зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 дарсад зиёд карда шуд", -- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, инчунин, "дар натиҷаи амалӣ гардидани чораҳои таъхирнопазир аз ҷониби ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд."
То куҷо ин нуктаҳои паёми Эмомалӣ Раҳмон рост буданд? Телевизиони “Настоящее Время” аз иқтисодшинос ва муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон, Каримҷон Аҳмедов, дархост кард, ки паёмро таҳлил кунад.
ТВ “Настоящее Время”: Шумо ҳамчун нафари ошно бо равишҳои оморӣ дар Тоҷикистон ба он рақамҳои бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш зикр кард, бовар доред? Барои намуна, гуё соли гузашта 190 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст...
Каримҷон Аҳмедов: "Медонед, ман ин баромадро бодиққат тамошо кардам ва эҳсос кардам, ки гуиё дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри бист ва дар кадом як анҷумани ҳизб қарор дорам. Рақамҳои гуфташуда бозгӯйкунандаи вазъи воқеӣ нестанд. Рақамҳо барои он гуфта шуданд, ки нишон бидиҳанд, дар кишвар ҳама чиз хуб аст. Ман ба ин арқом бовар надорам ва ҳар як бандро дар алоҳидагӣ шарҳ хоҳам дод, ки чаро бовар намекунам."
ТВ “Настоящее Время”: Чаро ин чорабинӣ ба ёди Шумо анҷумани ҳизбии даврони Иттиҳоди Шӯравиро овард?
Каримҷон Аҳмедов: "Масалан, президент гуфт, ки дар оғози истиқлоли Тоҷикистон дар кишвар танҳо 13 донишгоҳ буд ва ҳоло теъдоди онҳо ба 41 расидааст. Шумори донишҷӯён низ дар гузашта 70 ҳазор буд ва имрӯз 245 ҳазорро ташкил медиҳад. Инҳо танҳо рақамҳое ҳастанд, ки бояд таассуроти дурустеро эҷод намоянд."
ТВ “Настоящее Время”: Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ҳамчунин дар бораи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – бурунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ хабар дод. Вале роҳи оҳане, ки қаламрави Узбекистонро давр занад, бунёд нашудааст ва ягона роҳи мошингард бо Чин низ баъзан баста мешавад. Пас, бурунрафт аз бунбасте, ки президент гуфт, кадом аст?
Каримҷон Аҳмедов: "Ман, фикр мекунам, ин изҳоротро низ бояд ба монанди гуфтаи “пирӯзӣ бар коронавирус” қабул кард. Ӯ мегӯяд, “мо бо харҷи 20 миллиард сомонӣ – аз сармояҳои худӣ то қарз 2200 километр роҳи мошингард бунёд кардем.” Вале ҳеч гуна алтернатива ва ҳеч гуна роҳи бурунрафт аз бунбаст пешниҳод карда намешавад."
Наворро бо забони русӣ дар инҷо бинед:
ТВ “Настоящее Время”: Ваъдаи дигари Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли энергетикӣ аст. Аммо бо вуҷуди ба кор андохтани ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳанӯз ҳам дар кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ карда мешавад. Ҳарчанд президент ба ин мутахассисони соҳаро айбдор мекунад. Оё, воқеан ҳам, дар ин ҳама мансабдорон айбдор ҳастанд?
Каримҷон Аҳмедов: "Шумо аҳамият додед, ки ӯ ягон бор номи нерӯгоҳи Роғунро нагирифт? Гуиё ӯ Роғунро фаромӯш кардааст. Ӯ ҳамчунин фаромӯш кард, ки гӯяд кормандони Роғун то ба ҳол беш аз 5 миллион доллар маоши худро нагирифтаанд. Раҳмон дар бораи талафоти 16 дарсади нерӯи барқ суҳбат кард. Чаро ин талафот ба миён меояд? Ин мушкили менеҷмент, мушкили идора карда натавонистани соҳа аст, вале ӯ ин мавзуъро дур зад. Ӯ аслан дар бораи Роғун суҳбат накард. Паёми соли гузаштаи президентро ба ёд оред, дар он чӣ қадар ба ин нерӯгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир шуда буд. Дар паёми имсола – не. Дар матни паёми охир номи Роғун як бор гирифта шудааст. Он ҳам барои он зикр карда шуд, ки аз Роғун хатти интиқоли нерӯи барқ кашида мешавад. Вазъ тағйир меёбад."
ТВ “Настоящее Время”: Тоҷикистон бо молиёт ё андозҳои баланди худ маъруф аст. Раҳмон дар паёмаш кишоварзони маҳаллиро хурсанд кард. Ӯ ваъда дод, ки имсол онҳоро аз андози ягонаи замин озод мекунад. Ба назари Шумо, ин иқдом метавонад ба рушди соҳаи кишоварзӣ таъсире расонад?
Каримҷон Аҳмедов: "Ин андоз нисбатан маблағи калоне нест. Аз ҳисоби он ба буҷаи давлат 200 миллион сомонӣ ворид мешавад. Вале, дар ҳақиқат, иқдоми хуб ҳам ҳаст. Агар ин кор воқеан ҳам анҷом шаваду мақомоти маҳаллӣ ин андозро иҷборан аз кишоварзон наситонанд, дастгирии хубе хоҳад буд. Ба назари ман, ин иқдом яке аз бандҳое аст, ки бояд иҷро карда шавад. Ҳарчанд пуле, ки аз ҳисоби андози мазкур ба буҷа ворид мешавад, чандон бузург нест."
ТВ “Настоящее Время”: Вале Раҳмон ҳамзамон илова мекунад, барои пур кардани ин “холигӣ”-е, ки бар асари озод кардани кишоварзон аз андоз ба вуҷуд омадааст, бояд чора андешид.
Ошкоро мегӯям, ин идея ҳеч гуна натиҷа нахоҳад дод. Худи идея натиҷаи бими мансабдорон аст. Онҳо зоҳиран фикр мекунанд, бо таъсис додани кадом як кумита, Оҷонс ва вазорате кор пеш хоҳад рафт.
Каримҷон Аҳмедов: "Ин айнан ҳамон чизе аст, ки ман ба Шумо гуфтам. Яъне, ин пул бояд аз дигар ҷой ситонида нашавад. Агар озод карданд, барои соҳибкорон ба иллати пандемияи коронавирус афви андозӣ эълом карданд, пас, бояд ин меъёрҳо иҷро шаванд. Набояд ба соҳибкорон фишор оварду буҷаро аз манбаъҳои дигари андоз пур кард."
ТВ “Настоящее Время”: Раҳмон ҳамчунин дар бораи таъсиси ниҳоди навбатии давлатӣ – Оҷонси инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон хабар дод. Ба назари Шумо, ин Оҷонс бо назардошти вазъи кунунии Интернет дар кишвар чӣ ояндае хоҳад дошт? Оё он нархи Интернетро поину суръаташро боло хоҳад бурд?
Каримҷон Аҳмедов: "Ошкоро мегӯям, ки ин идея ҳеч гуна натиҷа нахоҳад дод. Худи ин идея натиҷаи бими мансабдорон аст. Онҳо зоҳиран фикр мекунанд, бо таъсис додани кадом як кумита, Оҷонс ва вазорате кор пеш хоҳад рафт. Вале фикр намекунанд, ки муҳим таъсис додани идора ё вазорат нест, муҳим комилан чизи дигар аст. Барои рушди Интернет бояд онро дастрас кард. Бояд коре кард, ки он мутобиқ ба замони имрӯз бошад. Оҷонсӣ чизеро ҳал карда наметавонад. Афви дороие, ки ҳоло пешниҳод шудааст, хеле масъалаи ҷолибтару ҷиддитар аст. Вале таъсиси Оҷонсӣ натиҷае нахоҳад дод. Ин танҳо як стереотипи тафаккури мансабдор аст. Таъсиси Оҷонсӣ роҳи ҳалли мушкилот нест."
нигоҳҳо аз дохилу хориҷ Президент Раҳмон паём дод. Мухолифин: "Аз озодиҳо ва нарх дар бозорҳо нагуфт" ВИДЕО