Дар овоздиҳии расмии пеш аз шурӯи муҳокимаи импичменти президенти собиқ Доналд Трамп бараъло дида шуд, ки барои муҳокимаи амалҳои ӯ дар робита бо иттиҳоми таҳрики ошӯб дар Капитол шумори зарурии ҷумҳурихоҳҳо овоз намедиҳанд. Сенати ба раҳбарии демократҳо рӯзи 26-уми январ талошҳои қатъи муҳокимаи Трампро бекор кард, вале айни замон танҳо панҷ узви ҳизби ҷумҳурихоҳ ба 50 узви ҳизби демократ дар Сенат аз ин чиз пуштибонӣ карданд. Барои шурӯи ҷараёни импичмент ба иловаи 50 раъйи демократҳо ҳадди аққал 17 раъйи ҷумҳурихоҳҳои Сенат лозим мешавад. Ин овоздиҳӣ аломати рӯшани он аст, ки на ҳама ҷумҳурихоҳҳо тарафдори муҳокима шудани Трамп мебошанд. Бархе мухолифони муҳокимаи Трамп ин амалро ба хотири дигар сари қудрат набуди ӯ ғайрконститутсионӣ номиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёр ҷумҳурихоҳҳо Трампро маҳкум карданд, аммо на ҳама омода ҳастанд, ки ӯро барои таҳрики хушунатҳои 6-уми январ ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар он ҳодисаҳо 5 нафар ҷони худро аз даст дод.