Ширкати таксии Маскав хост, ронандаҳояш воксинаи зидди COVID-19 бигиранд

Марти соли 2020. Ширкатҳои такси дар Маскав ба ронандаҳои худ дастур доданд, ки дар дохили мошин бо ниқоб хидматрасонӣ бикунанд

Раҳбарони ширкати "Яндекс.Такси" аз мақомоти Маскав хостаанд, ки барои эм кардани ронандагону хаткашонҳо ва ё расонандагони ғизои ин ширкат, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, мусоидат кунанд. Хабаргузории ТАСС ба нақл аз намояндагони ширкат менависад, ки на ҳамаи ин кормандон бима ё суғуртаи тиббӣ доранд, бинобар ин хоҳиш шудааст, ки барои ин муҳоҷирон ваксингузаронии ройгон ташкил гардад. Аз ҷумла, зикр шудааст, ки дар давраи пандемия талабот ба хадамоти ронандагон ва расонандагони хӯрок афзудааст ва зарур аст, ки онҳо дар навбати аввал эм карда шаванд. Аз 18-уми январ дар Русия маъракаи оммавии ваксинзании шаҳрвандони ин кишвар дар муқобили COVID-19 оғоз гардид. Қаблан Анна Попова, раҳбари "Роспотребнадзор" гуфта буд, ки феълан эм кардани муҳоҷирон ва хориҷиёне, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирон ба гурӯҳи осбепазир дохил мешаванд. Зеро аксари онҳо дар соҳаи хидматрасонӣ кор карда, бо мардуми зиёд сару кор доранд ва аз назари дастрасӣ ба суғуртаи тиббиву хадамоти беҳдоштӣ назар ба шаҳрвандони ин кишвар дасткӯтоҳтаранд.