Нияти Тоҷикистон барои афзоиши содироти барқ ба Афғонистон

Дар Пактиёи Афғонистон як зеристгоҳи барқии наве боз шуд. Апрели соли 2020

Тоҷикистон нақша дорад, ки дар оянда содироти барқ ба Афғонистонро бештар кунад. Хабаргузории “Авеста” менависад, ки бо ин ҳадаф соли ҷорӣ хатҳои баландшиддати барқ сохта мешаванд. Хатти интиқоли барқи 500-киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун то зеристгоҳи Сангтӯда бунёд мегардад. Ба қавли ин хабаргузорӣ, феълан байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш Узбекистон, Қирғизитсон ва Афғонистон 13 хатти интиқоли барқ бо шиддатҳои гуногун амал мекунанд. Чанд соли охир Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 1,2 то 1,3 миллиард кВт/соат барқ фурӯхтааст. Мақомоти тоҷик соли гузашта аз содироти барқ ба хориҷа беш аз 56 миллион доллар фоида гирифтанд, ки ҳудуди 40 фоиз камтар назар ба солҳои қаблӣ мебошад.