Президентони Фаронса ва ИМА - Эммануэл Макрон ва Ҷо Байден ба мувофиқа расиданд, ки дар масоили мубориза бо коронавирус ва тағйироти иқлим ҳамкорӣ мекунанд. Сӯҳбати нахустини телефонии онҳо рӯзи 24-уми январ баргузор шуд. Дар изҳороти дафтари президенти Фаронса омадааст, ки ду раҳбар “барои ҳамкорӣ ба хотири сулҳ дар Ховари Наздику Миёна, бахусус дар ҳалли масоили ҳастаии Эрон изҳори омодагӣ карданд”. Ҳафтаи гузашта Макрон аз тасмими Байден барои бозгашти ИМА ба созишҳое, ки аз он президенти пешин Доналд Трамп хориҷ шуда буд, истиқбол кард. Дар оғоз Макрон талош мекард бо Трамп равобити хубе барпо кунад, вале баъдан муносибатҳои ҳарду сардтар шуд. Сӯҳбати телефонии Байден ба Макрон, ки тахминан як соат идома дошт, бо ҳадафи оддӣ шудани муносибатҳои ду ҷониб барпо гардид. Кохи Сафед дар изҳороте гуфт, ки Байден ба ҳамкориву ҳамоҳангӣ дар масоили мисли созиши Париж дар заминаи тағйироти иқлим, тадбирҳои зидди COVID-19 ва иқтисоди ҷаҳонӣ тааҳҳуд кардааст. Дар изҳорот инчунин дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби НАТО ва ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо гуфта шудааст. Дар сӯҳбати президентони ИМА ва Фаронса масоили Чин, Ховари Миёна, Русия ва минтақаи Соҳил низ матраҳ шуд.