Дар ҷараёни эътирозҳо дар сартосари Русия, ки бо талаби озодии пешвои мухолифон Алексей Навалний ташкил шуд ва яке аз тазоҳуроти бузурги зиддиҳукуматӣ буд, ҳазорҳо нафарро дастгир кардаанд.
Ин тазоҳурот бо вуҷуди ҳавои сард ва латукӯби нирӯҳои вижаи пулис рӯзи 23-юми январ баргузор шуд.
Ҳоло маълум нест, эътирозҳо ба ҳукумати президент Владимир Путин чӣ таъсир хоҳанд дошт. Касе, ки солҳо боз зимоми қудратро дар даст дорад ва атрофиёнаш аксаран ӯро берақиб мепиндоранд. Ӯ метавонад то соли 2036 дар қудрат бимонад.
Аммо ҳузури даҳҳо ҳазор кас дар посух ба дархости Алексей Навалний ҷолиб будани “ҷанги” пешвои мухолифонро ба зидди фасод нишон медиҳад.
Навалний баъд аз эълони ҳукмаш рӯзи 18-уми январ аз мардум хост, ки ба кӯчаҳо бароянд. Раҳбари мухолифони Русияро рӯзи 17-уми январ, ҳангоми бозгашт аз Олмон, дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карданд.
Ба иттилои гуруҳи ОВД-Инфо, рӯзи 24-уми январ дар сартосари Русия тақрибан 3400 кас боздошт шудаанд. Ниме аз боздоштҳо дар Маскав сурат гирифтааст. Аз ҷумла, Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний ва яке аз ҷонибдорони ӯ Любов Собол ҳам боздошт шудаанд.
Тасвирҳое, ки дар он нирӯҳои вижа эътирозгаронро дар Маскав ва шаҳрҳои дигар мезананд, бо вокунишҳои Вашингтону Брюссел рӯ ба рӯ шуд.