Сохтмони бошитоб ва пандемия вазъи оташкадаи қадимии зардуштиёнро дар Тоҷикистон бад кардааст. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар моҳҳои охир номи чанде аз ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар робита ба коҳиши сайёҳӣ ва ҳатто боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ ёд мешаванд ва беш аз ҳама номи Қалъаи Муғ дар шимоли кишвар сари забонҳост.

Додситони вилояти Суғд моҳи декабри соли 2020 масъулони ҳукумати Истаравшанро ба истифодаи ғайриҳадафмандонаи тақрибан 1 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат муттаҳам кард. Фурқат Хоҷазода гуфт, ин маблағро бо баҳонаи бозсозии Қалъаи Муғ ба шахсе доданд, ки ба сохтмон ва ширкати масъул рабте надоштааст.

"Гуфтанд, ки сифати кор паст аст"

Фурқат Хоҷазода

“Ҳукумат барои бозсозии қалъа бо ширкати "Манора" ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ шартнома баста буд. Аз он 532 ҳазор сомониашро супурда, 961 ҳазор сомонии дигарро ба шахсе бо насаби Каримов додаанд, ки ба ширкати "Манора" робитае надошт. Ба мудири ширкат Аюб Азимов зарари калони моддӣ расонданд", -- шарҳ дод Хоҷазода.

Намояндагони ҳукумати шаҳри Истаравшан вуҷуди мушкилро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, баҳс бар сари маблағи камтар, яъне 300 ҳазор сомонӣ аст. Онҳо мегӯянд шартнома замони раиси шаҳр будани Баҳром Иноятзода имзо шудааст. Иноятзодаро, ки баъдан раиси шаҳри Кӯлоб шуд, моҳи ноябри имсол ба 12 соли зиндон маҳкум карданд. Маълум нест, дар парвандаи ӯ қазияи Қалъаи Муғ ҳам зикр шудааст ё не, вале ӯ ҳукмашро ноодилона хонд.

Орифҷон Обидов, мудири хоҷагии Қалъаи Муғ, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, “сифати бисёре аз корҳо паст аст ва нотамом мондааст. Кадом вақт одамони дахлдор омада, ба онҳо гуфтанд, ки корро хуб ба анҷом расонед, баъд пулатонро медиҳем”.

АЗ БОЙГОНӢ: Дар Тоҷикистон ниёишгоҳи пайравони оини Зардушт эҳё мешавад

"На худиҳо меоянд, на бегонаҳо"

Дар аҳди ҳамагирии коронавирус, баста будани марзҳо ва наомадани сайёҳони хориҷӣ, доир нагаштани барномаҳои ҳунарӣ ва паст шудани даромади молӣ, вазъи Қалъаи Муғ, ки ибодатгоҳи пайравони оини Зардушт дониста мешавад, ногувор аст. Масъулони ин маҷмааи таърихӣ мегӯянд, пеш аз ҳамагирии COVID-19 рӯзона то 300 сайёҳи дохиливу хориҷӣ бо пардохти аз 2 то 5 сомонӣ ба тамошои қалъа меомаданд, вале ҳоло ин ҷо тақрибан касе нест.

Қалъаи Муғ

“Ҳашт моҳ боз на маоши коргаронро дода метавонем ва на як кори дигар карда. Аз давраи сохтмон барқамон қарздор шуда, ҳоло 3 моҳ боз барқ надорем. Посбон дар хунукӣ худро ба кӯрпа печонда мешинад”, -- гуфт Орифҷон Обидов.

Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан пас аз бозсозии куллӣ дар моҳи июни соли 2018 бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Соли гузашта, бино бар надоштани маблағ, аз хадамоти коммуналӣ қарздор шуд ва баҳси пардохти он то ба додгоҳи иқтисодӣ рафтааст. Баъди аз кор рафтани раҳбари он Фурқат Азимов (ду моҳ пеш) шахси дигаре омода нашудааст, ки ин масъулиятро ба дӯш гирад.

Қалъа барои як рӯз ё солҳову асрҳо?

Бино ба иттилои хабаргузориҳои расмӣ, дар бозсозии маҷмааи таърихӣ 13 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат ва бар иловаи он аз саҳми соҳибкорон сарф шуда, ҳудуди 10 ширкати сохтмонӣ дар он кор кардаанд. Вале ҳамагӣ баъди ду соли ифтитоҳи расмӣ деворҳои қалъа рехта, хиштҳои роҳравҳояш шикастаанд. Сутуни толори баҳоронааш фурӯ рафта аз сақфи он дар борону барф об ҷорӣ мешавад. Арчаҳояш хушкидаанд.

Бостоншиносон пайдоиши Қалъаи Муғро ба асри панҷи то милод баробар мекунанд ва ҳоло он дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии деворҳояш 600 метр ва майдони умумияш 6 гектарро ташкил медиҳад. Ин мавзеъ 1500 сол оташкада ё ибодатгоҳи зардуштиён будааст.

“Қалъаи Муғ ҷойи муқаддастарин дар шаҳри Истаравшан аст. Инҷо Искандари Мақдунӣ омада, чӣ қадар ҷангу ҷидолҳо шуда буд, ки таърихи зиёд дорад. Лекин ҳоло ин қалъаро мо набояд ба вайрона табдил диҳем. Аз роҳбарону масъулон талаб дорам, ки ҳамчун ёдгории таърихӣ онро ҳифз намоянд”, -- хулоса кард Ҷамолиддин Хоҷаев, сокини Истаравшан.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Додситонӣ гуфт, дар Истаравшан садҳо ҳазор сомониро "дуздидаанд". Мақомот: "Дар замони Иноятзода буд" ВИДЕОДодситонӣ гуфт, дар Истаравшан садҳо ҳазор сомониро "дуздидаанд"Афзалшоҳ Ҷабборов: 45 пешниҳод ба Кумитаи сайёҳии ТоҷикистонСарашро буриданду Ироқ бурданд. Ҳафриёт дар Кохи Деваштич. ВИДЕОДар Тоҷикистон ниёишгоҳи пайравони оини Зардушт эҳё мешавадНаврӯз дар Уструшана