Додситони вилояти Суғд масъулони ҳукумати Истаравшанро ба истифодаи ғайриҳадафмандонаи тақрибан 1 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат муттаҳам кард.
Фурқат Хоҷазода рӯзи 30-юми декабр дар нишасте дар Хуҷанд гуфт, ин миқдор маблағро ҳангоми бозсозии Қалъаи Муғ ба шахсе додаанд, ки ба сохтмон ва ширкати масъул рабт надошт.
"Ҳукумат барои бозсозии қалъа бо ширкати "Манора" ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ шартнома баста буд. Аз он 532 ҳазор сомониашро супурда, 961 ҳазор сомонии дигарро ба шахсе бо насаби Каримов додаанд, ки ба ширкати "Манора" робитае надошт. Ба мудири ширкат Аюб Азимов зарари калони моддӣ расонданд", -- афзуд ӯ.
Намояндагони ҳукумати шаҳри Истаравшан вуҷуди мушкилро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, баҳс бар сари 300 ҳазор сомонӣ аст.
Додситони вилояти Суғд ҳозир нашуд номи гумонбарони қазияро ошкор кунад, вале афзуд, ба зидди онҳо бо гумони суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва исрофкорӣ парванда боз карданд.
Бобоҷон Сабуров, мудири шуъбаи сохтмони асосии ҳукумати Истаравшан, рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, шартнома замони раиси шаҳр будани Баҳром Иноятзода имзо шудааст. Иноятзодаро, ки баъдан раиси шаҳри Кӯлоб шуд, моҳи ноябри имсол ба 12 соли зиндон маҳкум карданд. Маълум нест, дар парвандаи ӯ қазияи Қалъаи Муғ ҳам зикр шудааст ё не, вале ҳукмашро ноодилона хонд.
"Маъмурони Палатаи ҳисобу Оҷонси зиддифасод омада, тафтиш карда буданд. Мо санадҳоро барои санҷиш ба додситонӣ фиристодем. Ду моҳ пеш барои бозпурсӣ ба додситонии Суғд даъват карданд ва чанд нафари дигарро низ пурсиданд”, -- афзуд Бобоҷон Сабуров.
Баҳси ҳукумати Истаравшан бо ширкати сохтмонӣ дар ҳолест, ки кормандони маҷмааи Қалъаи Муғ гуфтанд, дар аҳди пандемия сайёҳон нестанд ва ҳифзи иншоот мушкил шудааст. Раҳбари маҷмаа Фурқат Азимов низ як моҳ пеш аз мақом рафтааст.
Азимов рӯзи 30-юми декабр гуфт, "маҷмааро ҳамчун корхонаи воҳиди давлатӣ сабт кардаанд ва 45 воҳиди корӣ дорад. Маблағгузориаш аз ҳисоби даромади дохилӣ муайян гардидааст. Сайёҳони хориҷӣ фақат дар оғози сол меомаданд, вале баъди коронавируси нав дигар меҳмону тамошобин надорем. Ягон чорабинии фарҳангӣ ҳам доир карда наметавонем. Аз ин рӯ, даромад нест."
Вай афзуд, маҷмаа аз истифодаи нирӯи барқ ҳам 109 ҳазор сомонӣ қарздор аст ва ин баҳсро ба Додгоҳи иқтисодӣ кашондаанд.
Бозсозии маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, моҳи июни соли 2018 ба итмом расид. Он бо номи ибодатгоҳи пайравони оини Зардушт низ маъруф аст ва дар канораи шарқии шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд қарор дорад.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед: