Дар Русия садҳо эътирозгар ба ҳимоят аз Алексей Навалний ба кӯчаҳо баромаданд

Пулис яке аз эътирозгаронро боздошт мекунад. Хабаровск, Русия. 23-юми январи 2021

Рӯзи 23-юми январ, новобаста ба сардии шадиди ҳаво ва фишори пулис, дар Русия гуруҳи бузурги эътирозгарон ба хиёбонҳо баромада, барои озодии Алексей Навалний, мунтақиди Кремл, садо баланд карданд. Навалний рӯзи 17-уми январ, пас аз муолиҷа аз заҳри Новичок, аз Олмон ба Маскав баргашт ва ба сӣ рӯз ҳабс маҳкум шуд.

Роҳпаймоиҳо нахуст дар Сибир ва Шарқи Дур бо ширкати садҳо эътирозгар шуруъ шуд. Бо вуҷуди он ки дар Хабаровску Владивосток ва чанд шаҳри дигар ҳаво сард ва назорати мақомоти қудратӣ дар кӯчаҳо шадид буд.

Гуруҳи "ОВД- Инфо", ки фаъолияти пулисро назорат мекунад, аз боздошти даҳҳо эътирозгар хабар дода, гуфт, мақомот чанде аз боздоштшудаҳоро латукӯб карданд.

Дар навори эътирозҳо дар Владивосток дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони зиреҳпӯши пулис барои пароканда кардани эътирозгарон онҳоро калтаккӯб мекунанд. Дар шаҳри Якутск бо вуҷуди 50 дараҷа сард будани ҳаво ва шамоли сахт эътирозгарон ба кӯчаҳо рехтанд.

Дар шаҳри Маскав, ки маъмулан ҳамоишҳои эътирозии бузург доир мешаванд, тазоҳургарон ният доштанд дар майдони Пушкин ҷамъ оянд. Дар остонаи ташкили эътирозҳо ҳадди ақал дар 65 шаҳри Русия мақомот ҷонибдорони Навалнийро боздошт карда, аз маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, даъватҳоро барои ширкат дар тазоҳурот пок кунанд.

Ин эътирозҳо як навъ санҷиши мизони ҳимоят аз Навалний аст, ки дар миёнаи зимистони Русия, дар пасманзари пандемия ва рукуди иқтисодӣ ва интихоботи порлумонӣ, ки қарор аст моҳи сентябр доир шавад, баргузор мешаванд.