Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, фармонеро имзо кард, ки сиёсати президенти собиқ Доналд Трамп дар бораи маҳдуд кардани сафари шаҳрвандони чанд кишвари умдатан мусулмоннишинро ба ин кишвар бекор мекунад.
Фармон рӯзи 20-уми январ имзо шуд. Ин яке аз 17 фармону дастурҳоест, ки сиёсатҳои калидии Трампро бекор мекунад ва Байден дар рӯзи нахустини раёсаташ онҳоро содир кард. Кохи Сафед фармони раисҷумҳури собиқро "барангезандаи адовати динӣ ва бегонаситезӣ" номид.
Фармони нав Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро уҳдадор кард, ки судури визаро ба сокинони кишварҳое, ки фармони қаблӣ манъ мекард, барқарор кунад ва нисбат ба шахсоне, ки аз он зиён диданд, адолатро барқарор намояд. Бахусус нисбат ба онҳое, ки бино бар фармони қаблӣ барояшон раводиди муҳоҷират дода нашуд.
"Ин қадами муҳиме дар роҳи кумак ба шахсони алоҳида ва оилаҳо мебошад, ки аз сиёсати маъмурияти Трамп, ки бо арзишҳои амрикоӣ ҳамхонӣ надошт, зиён дидаанд", -- омадааст дар баёнияи Кохи Сафед.
Тасмими ба истилоҳ "манъи мусулмонҳо" аз нахустин иқдомҳоест, ки Доналд Трамп соли 2017, замоне ки ба сари қудрат омад, рӯйи даст гирифт. Ин тасмим бино бар пеш омадани чанд мушкилоти ҳуқуқӣ баъдан тағйир дода шуд, ки маҳдудияти сафарро нисбат ба кишварҳои ғайримусулмон ҳам ҷорӣ кард.
Ин фармони Трамп амалан сафари шаҳрвандони Эрон, Ироқ, Либия, Судон, Сурия ва Яманро ба Амрико маҳдуд кард. Баъдан Ироқ ва Судон аз ин феҳрист берун шуданд ва ба ҷойи он Чад, Кореяи Шимолӣ ва Венесуэла ворид гардиданд.