Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия оиди масъалаҳои муҳоҷират фаъолияти худро аз имрӯз дар Тоҷикистон дигарбора оғоз кардааст. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри як эълон мегӯяд, номанависӣ барои қабули шаҳрвандон тариқи онлайн сурат хоҳад гирифт. Намояндагии ВКД-и Русия барои ширкат дар барномаи давлатии кӯчбандӣ ва ё “Переселение” мусоидат мекунад. Онҳое, ки бар асоси барномаи “Переселение” мекӯчанд, ба 61 минтақаи мавриди назари ҳукумати Русия сафарбар мешаванд. Ин барномаи давлатӣ аз соли 2007 ба ин сӯ амал мекунад ва тӯли ин солҳои фаъолияташ, бино ба иттилои расмии мақомоти Русия, садҳо ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ тавонистанд шаҳрвандии ин кишварро қабул кунанд. 6 ҳазор зодагони Тоҷикистон ҳам бар асоси ҳамин барнома шаҳрванди Русия шудаанд.