Бархе осебдидаҳои воқеаи Сардобаро "барои шикоят аз фасод дар тақсими кумакҳо" дастгир кардаанд

Оби обанбори Сардоба ҳазорҳо хонаҳои атрофи сарбандро пахш кард

Як фаъоли ҳуқуқи инсон ва блогнавис дар Узбекистон гуфт, баъди шикояти онҳо аз фасод дар заминаи тақсими кӯмакҳои молӣ ва хонапулӣ барои осебдидаҳои сели Сардоба дар минтақаи Сирдарё, чандин нафар ҳабс шуданд. Хайрулло Қиличев дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд нафари шикояткарда аз фасод дар тақсими кӯмакҳо бо иттиҳоми авбошӣ ва итоат накардан ба мақомот ба мӯҳлати се то ҳафтрӯзӣ ҳабс шудаанд. Сарбанди Сардоба дар шарқи Узбекистон 1-уми маи соли 2020 рахна шуд ва дар натиҷа, шаш нафар кушта шуда 70 ҳазор сокини манотиқи атроф аз хонаҳои худ маҳрум шуданд. Дар Қазоқистон ҳам 600 манзил зери об монд. Қиличев мегӯяд, ки ҳанӯз бисёр осебдидаҳои бехонамонда бояд кӯмаки ваъдагии президент Шавкат Мирзиёевро дарёфт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, айни замон, бархе афроди наздик ба мақомот ва осебнадида аз ин ҳодиса кӯмакпулиҳои ҳукуматро ба даст меоранд. Қиличев гуфт, ки ӯ аз раҳбарияти вилояти Сирдарё тақозо кард, ки дар бораи мардуми осебдида дар ин фоҷеа ва ҳам ҳабсшуда иттилоъ бидиҳанд, вале то ҳол посухи мақомот ба дасташ нарасидааст.

Як сокини 30-солаи ноҳияи Сардоба Ихтиёр Очилов ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди талаби кӯмак карданаш аз мақомот барои худ ва модараш, ӯро 7 рӯз ҳабс карданд. Сокини дигари маҳаллӣ Муродҷон Мамараимови 34-сола ҳам барои авбошиву итоат накардан ба мақомот ҳабс шуд. Мамараимовро баъди он дастгир карданд, ки дар як видео мақомоти вилояти Сирдарёро дар тақсими ноодилонаи кӯмакҳо гунаҳгор кард.

Мақомот гуфтанд, ки бар асоси ҳисобҳои онҳо, дар маҷмӯъ 2570 хонаи шахсӣ ва 76 сохтмони бисёртабақа пурра ва 1781 хонаи шахсиву 52 бинои бисёртабақа қисман хароб шудаанд.

Баробар бо ин, дар як додгоҳи шаҳри Тошканд мурофиаи 17 нафар – мақомоти соҳаи энержӣ, ширкати роҳи оҳан, раҳбарони корхонаҳои сохтмонӣ, ки дар сохтмони сарбанди Сардоба иштирок кардаанд, идома дорад. Онҳоро дар хунукназарӣ, сӯиистифода аз мақом, сохтакории ҳуҷҷатҳо, азхудкунӣ ва нақзи муқаррароти обтақсимкунӣ ва меъёрҳои бехатарӣ айбдор мекунанд.