10 280 варақаи интихоботӣ барои порлумон ва 10 364 варақаи интихоботии маҷлиси маҳаллиро дар шаҳри Алматои Қазоқистон беэътибор донистанд. Ба иттилои мақомот, ба ин тартиб 3 дарсади баргаҳои раъй дар интихоботи рӯзи 10 январ беэътибор дониста шудааст.
"Инҳо баргаҳое ҳастанд, ки мушаххас кардан мушкил аст, ба ҷонибдорӣ аз кӣ раъй дода шудааст. Рӯи барга хатти зиёд кашида шудааст ё баргаҳои холӣ ҳастанд", - хабар доданд аз комисияи интихоботии минтақавӣ.
Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 1 миллиону 132 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Дар интихоботи ахир 331 ҳазору 602 баргаи раъй барои номзадҳои порлумони Қазоқистон ва 330 ҳазору 446 барга ба қуттиҳо фиристода шудааст, ки аз ин шумор дар маҷмуъ бештар аз 20 ҳазор барга беэътибор дониста шудааст.
Дар остонаи интихоботи порлумонӣ бархе аз фаъолони мухолифин аз сокинон даъват карданд, ки бо сиёҳ кардани баргаҳо эътирози худро нишон диҳанд. Зеро, ба бовари даъваткунандагон, интихоботи ахири порлумоӣ дар Қазоқистон бо риояи адолат сурат нагирифтааст.
Мақомоти интихоботии Қазоқистон гуфтанд, дар интихоботи рӯзи 10 январ Ҳизби ҳокими "Нур Отан", Ҳизби "Оқ жол" ва Ҳизби мардумӣ (комунистии пешин) бо касби раъйи кофӣ вориди порлумон шудаанд.