Амрико ва Аврупо боздошти Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ҳукумати Русияро маҳкум карданд. Навалний рӯзи 17-уми январ ҳангоми бозгашт аз Олмон ба кишвараш дар яке аз фурудгоҳҳои Маскав дастгир шуд.
Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳейко Маас рӯзи 18-уми январ аз мақомоти Русия тақозо кард, ки Навалнийро зуд озод кунанд. Ӯ гуфт, "Русия ба Конститутсияи худ ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба принсипи ҳокимияти қонун ва ҳимояти ҳуқуқи инсон пойбанд аст" ва афзуд, "ин принсипҳо бояд нисбат ба Алексей Навалний ҳам татбиқ шаванд. Ӯ бояд билофосила озод шавад."
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико бо нашри баёния хостори "озодии фаврӣ ва бе қайду шарт"-и ӯ шуд ва таъкид кард, ки мушкили Русия Навалний нест. Помпео ин амалкарди Русияро "хомӯш кардани Навалний ва дигар чеҳраҳои мухолиф ва садоҳои мустақиле" донист, ки аз мунтақидони ҳукумати Русия ҳастанд.
Вазири корҳои хориҷии Амрико афзуд, он раҳбарони сиёсӣ, ки эътимод ба нафс доранд, "аз садои рақибон наметарсанд ва на ба хушунат алайҳи онҳо даст мезананд ва на иқдоме хато дар амри боздошти мухолифони сиёсӣ мекунанд".
Ба гуфтаи ӯ, мардуми Русия лоиқи ҳукумате ҳастанд, ки аз гуногунандешӣ ҳимоят кунад ва дар назди халқ посухгӯ бошад.
Чанд соат пеш аз ин баёния, ҳукумати мунтахаби Амрико хостори озодии фаврии Алексей Навалний ва муҳокимаи омилони суиқасд ба ҷони ӯ шуда буд. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Ҷо Байден дар "Твиттер" навишт, "ҳамлаи Кремлин ба Навалний танҳо як мавриди нақзи ҳуқуқи башар нест, балки тавҳин ба мардуми Русия аст, ки мехоҳанд садояшон шунида шавад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Навалний пас аз заҳролудшавӣ дар моҳи август, барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Ӯ мегӯяд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастури ин корро дода буд. Аммо Кремл ин иттиҳомро рад кардааст.
Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия рӯзҳои ахир эълон карда буд, ки дар сурати бозгашти Алексей Навалний, аз ниҳодҳои додгоҳии кишвар дархост хоҳад кард, ки ҳукми боздошти ӯро содир кунанд. Аммо ин таҳдид монеи бозгашти Навалний ба кишвараш нашуд.
Боздошти Алексей Навалний вокунишҳои ҳукуматҳои аврупоӣ ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башарро дар пай дошт.
Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо боздошти ин чеҳраи мухолифро "ғайри қобили қабул" хонд ва хостории озодии фаврии ӯ шуд. Оқои Мишел дар "Твиттер" навишт, "боздошти Алексей Навалний ҳангоми вуруд ба Маскав, ғайри қобили қабул аст. Ман аз мақомоти Русия мехоҳам, ки ӯро бе таъхир озод кунанд".
Латвия, Литва ва Эстония -- се кишвари минтақаи Балтика бо нашри баёнияи муштараке аз ин амалкарди Маскав интиқод карданд. Мақомоти кишварҳои Фаронса, Италия, Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон низ боздошти Алексей Навалнийро маҳкум намуданд.
Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфта буд, пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд.
Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.
Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кардааст, ки ширкатҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.