Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний гуфт, "медонам, кӣ маро куштан мехост". ВИДЕО


Алексей Навалнийро моҳи августи имсол заҳролуд карданд
Алексей Навалнийро моҳи августи имсол заҳролуд карданд

Раҳбари мухолифони Русия гуфт, онҳоеро, ки дар моҳи августи имсол ӯро заҳролуд карда, мехостанд, ба ин васила аз вай "халос шаванд", хуб мешиносад. Алексей Навалний дар паёме видеоӣ аз чанд гумонбар ном бурд.

Ин номҳо дар таҳқиқоти муштараки Bellingcat ва расонаҳое ба монанди CNN, Der Spiegel ва бунгоҳи таҳқиқотии Insider низ зикр шудаанд. Бино ба таҳқиқот, гумонбарони заҳролудкунии Навалний барои Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ кор мекунанд ва тарҳи заҳролудкуниро чанд сол рехтаанд.

Навори ахири Навалнийро дар YouTube миллионҳо нафар тамошо карданд. Вай гуфт: "Медонам, кӣ маро заҳролуд кардан мехост. Ҷойи зисти онҳоро медонам. Ҷойи кори онҳоро медонам. Номҳои воқеии онҳоро медонам. Номҳои сохтаи онҳоро ҳам медонам, аксашонро дар даст дорам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Навалний:"Ман медонам, ки кӣ дар фикри куштани ман аст!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

"ТАЪҚИБИ НАВАЛНИЙ 13-15 СОЛ ПЕШ ОҒОЗ ШУД"

Гузориши таҳқиқотӣ бо ҷузъиёти хурдтарин исбот мекунад, ки маъмурони ФСБ давоми солҳои зиёд аз пайи Навалний буданд ва дар охир ӯро заҳролуд карданд. Таҳқиқотгарон собит кардаанд, ҳамон қадар ки Навалний аз соли 2017 сафар кардааст, онҳо низ айни корро анҷом додаанд.

Як полковник ё сарҳанги пешини ФСБ мегӯяд, таъқиби Навалний муддатҳо пеш шуруъ шуд. Геннадий Гудков, корманди собиқи КГБ ва ФСБ гуфт: "Назорат аз пушти Навалний хеле пеш оғоз шуд, ба фикрам, 13 ё 15 сол пеш. Мо дар чанд маърака вохӯрдем ва як ёвари мо ҳамин чизро пай бурд, ки ӯ таҳти назорат аст. Ин чиз ҳеч гоҳ махфӣ набуд."

Навалний рӯзи 20-уми августи имсол дар ҳавопаймо ва ҳангоми парвоз аз Томск ба Маскав якбора бемор шуд. Баъди он ки ӯро ба Олмон фиристоданд, донишмандон хулоса доданд, ӯ бо заҳри навъи "Новичок" заҳролуд карда шудааст.

Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё чанд мақоми русро таҳрим карданд. Кремлин то ҳол батакрор мегӯяд, ки дар ин ҳодиса даст надорад. Таҳқиқоти наве, ки нашр шуд, собит мекунад, шахсоне, ки Навалнийро таъқиб кардаанд, ҷосусони ФСБ буданд.

НАВАЛНИЙ АЗ КӢ НОМ БУРД?

Таҳқиқот инчунин чанд занги телефонии миёни онҳо, аз ҷумла, мақомоти баландпояи ФСБ ва мутахассисони калони силоҳҳои кимиёиро ошкор кардааст. Худи Навалний мегӯяд: "Бешубҳа, амалиёте дар чунин сатҳ ва давомнокӣ аз ҷониби каси дигаре, ба ҷуз худи раиси ФСБ Бортников ташкил шуда наметавонист. Онҳо ҷуръат намекарданд, ки чунин корро бе амри президент Путин анҷом бидиҳанд."

Ҳарчанд дар таҳқиқоти гурӯҳи Bellingcat мушаххас чунин хулосабарорӣ нашудааст, гузориш ишора мекунад, ки яке аз афсарони ФСБ рост ба худи Бортников ва ӯ ба Путин гузориш медоданд.

Ин бори аввал нест, ки президенти Русия ба ҳамла бо истифода аз силоҳи кимиёӣ гумонбар мешавад. Муфаттишони бритониёӣ ҳангоми таҳқиқи заҳролудшавии ҷосуси собиқ Сергей Скрипал ва духтараш дар соли 2018 ба чунин хулоса омаданд, ки зоҳиран ин ҳамларо худи Путин иҷоза додааст.

"ТЕРРОРИЗМИ ДАВЛАТӢ"?

Собиқ афсари ФСБ Геннадий Гудков инчунин гуфт, миқёси амалиёт ба дахолати ФСБ ва Путин ишора мекунад: "Барои таҳияи нақшаи куштори одам маъмулан чанд ҳафтаву моҳҳо лозим мешавад. Эҳтимол онҳо интизори амр буданд. Инро шояд ҳеч гоҳ нахоҳем донист. Вале исбот мешавад, ки давлати Русия ба терроризми давлатӣ роҳ медиҳад. Комилан мушаххас аст, ки амрро мақомоти баландпоя иҷоза дода, Путин бо он розӣ шудааст."

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 16-уми декабр дар Загреб ба суоли журналистон дар ин бора гуфт, "таҳқиқот ҷиддӣ нест". Ӯ гуфт, набудани шарҳ аз ҷониби Маскав ба он маъно нест, ки Кремлин дар ин заҳролудкунӣ даст дорад.

Интизор меравад, рӯзи 17-уми декабр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар конфронси матбуотии солонааш дар ин бора чизе бигӯяд.

XS
SM
MD
LG