Самариддин Раҷабов гуфт, ки ӯро дар Шереметево "дастгир карданд"

Самариддин Раҷабов

Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон дар Русия, шоми 17-уми январ дар Твиттер хабар дод, ки ӯро ҳамроҳи чанд нафари дигар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт кардаанд.

Бино ба навиштааш, онҳо ба истиқболи пешвои мухолифини Русия Алексей Навалний ба фурудгоҳ рафта буданд. Навалний баъд аз моҳҳо муолиҷа шоми якшанбе аз Олмон ба Маскав баргашт ва аз тарафи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд.

Қарор буд, ҳавопаймои ҳомили мунтақиди Кремлин дар фурудгоҳи Внуково поин ояд, аммо ногаҳон дар фурудгоҳи Шереметево нишаст. Самариддин Раҷабов ҳам дар Твиттер навиштааст, ӯ бо азобе худро ба Шереметево расонд.

Баъзе аз расонаҳои Русия навиштанд, Самариддин Раҷабов ва ҳамроҳонашро ба бахши навбатдории фурудгоҳ бурдаанд. Дар Внуково низ чанде аз тарафдорони Алексей Навалнийро дастгир кардаанд.

Самариддин Раҷабови 23-сола соли 2019 шаш моҳ аз рӯи иттиҳоми "кӯшиши истифода аз зӯр ба зидди мақомот" дар боздошт буд ва моҳи декабри ҳамон сол бо пардохти 100 ҳазор рубл ҷарима озод шуд. Раҷабов ин иттиҳомро рад кардааст.