Вазири умури хориҷии Фаронса мегӯяд, пайдарпай вайрон кардани созиши атомӣ аз тарафи Эрон, зарурати фаврии бозгашти Теҳрон ва Амрико ба ин созиш бо қудратҳои ҷаҳониро ба миён овардааст. Ян Ив Ле Драйан дар ин бора дар як мусоҳибае дар рӯзи 16-уми январ сухан гуфтааст. Амрикоро аз созиши атомӣ раиси ҷумҳур Доналд Трамп хориҷ кард, ки то чанд рӯзи дигар маъмурияташ ба поён мерасад.
Бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон дар моҳи июн Ле Драйан гуфтааст, ки эрониҳо дар тақвияти тавоноии атомии худ пеш рафтаанд ва бояд ба онҳо гуфт, ки “бас аст ва Эрону Амрико бояд ба созиши атомӣ баргарданд.” Баъди аз созиши атомӣ хориҷ шудани Амрико дар соли 2018, таниш байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон авҷ гирифт. Доналд Трамп таҳримҳои сахт ба зидди Эронро барқарор кард ва “сиёсати фишори ҳадди аксар” ба Эронро пеш гирифт. Ба гуфтаи вазири фаронсавӣ, ин сиёсат баръакс “риск ва хатарро зиёд кард”.
Ба қавли ӯ, ба ин сиёсат бояд хотима диҳанд, чун “Эрон дар роҳи дастёбӣ ба тавоноии тавлиди силоҳи атомӣ аст”. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, дар пайи сохтани силоҳи атомӣ нест ва ҳадафи барномаҳои атомиаш, тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои осоишта аст.