Қарор аст, имрӯз Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ба ватанаш баргардад, ҳарчанд мақомот гуфтаанд, ки мумкин аст, ӯро дастгир ва ба зиндон маҳкум кунанд. Алексей Навалний гуфтааст, ки рӯзи 17-уми январ аз Берлин ба Маскав бармегардад.
Навалнийро соли гузашта баъди заҳролуд шудан барои муолиҷа ба Берлин бурданд ва ӯ иддао дорад, ки мақомоти амниятии Русия хостаанд, ӯро бо заҳри қаттоли Новичок бикушанд. Навалний дар бораи бозгашт ба Маскав рӯзи 13-уми январ хабар дод.
Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфт, ки пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд. Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.