Шумори ҷонбохтагон аз бемории коронавируси нав дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт.
Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, аз оғози пандемия то 16-уми январи имсол тақрибан 94 миллион кас мубталои COVID-19 шуда, беш аз 51 миллион нафар шифо ёфтаанд.
Аз рӯйи омори фавтидагон Амрико дар ҷойи аввал аст. Дар онҷо бемории ҳамагир ҷони зиёда аз 390 ҳазор касро рабудааст. Бразилия бо 207 ҳазор фавт дар ҷойи дувум ва Ҳиндустон бо беш аз 150 ҳазор фавт дар мақоми севум аст.
Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, аз охири моҳи апрели соли гузашта то ин дам 90 гирифтори коронавирус ҷони худро аз даст додаанд. Вазорат аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони беморӣ хабар медиҳад, аммо шубҳаҳо ба дурустии омори расмӣ зиёд аст.
Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти беморӣ дар Тоҷикистон 13 ҳазору 308 кас бемор шудаанд. Баъзе мутахассисону сокинон онро ба маротиб бештар медонанд.
Дар Қазоқистон аз оғози пандемия беш аз 167 ҳазор кас бемор шуда, 2 ҳазору 397 фавтидаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки бемории ҳамагир 1382 касро куштааст.