СММ аз гармии рекордии ҳавои сайёра дар соли 2020 хабар дод

Саге дар як фаввораи маркази шаҳри Будапешт оббозӣ мекунад. Рӯзи 12.08.2020 дар пойтахти Венгрия гарми 30-34 дараҷаи Селсия буд ва ин, ба қавли ҳавошиносони маҳаллӣ, барои ин шаҳр, рекордӣ будааст

СММ гуфт, ки соли 2020 гармтарин сол буд, чун ҳарорати ҳаво дар қиёс бо солҳои аз ин пеш ба дараҷаи рекордӣ ва “фоҷеабор” баробар шуд. Ташкилоти ҷаҳонии ҳавошиносии вобаста ба СММ (WMO) рӯзи 14-уми январ дар гузориши нави худ аз паёмадҳои нигаронкунандаи тағйироти ҳаво ба саломатии инсон ва сайёра ҳушдор додааст. Созмони воқеъ дар Женева гуфт, ки агар соли 2016-ро аз назари гармии ҳаво рекордӣ мегуфтанд, соли 2020 ин рекордро зад. Муҳаққиқон дар гузориш навиштаанд, ки соли 2020 ба ҳисоби миёна гармии ҳаво дар саросари ҷаҳон 14,9 дараҷаи Селсияро ташкил дод ва ин нишондод 1,2 дараҷа Селсия баландтар ё гармтар назар ба гармии ҳаво то Аҳди саноатишавии ҷаҳон, шурӯъ аз соли 1850 будааст. Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ дар изҳороте гуфт, ки “мо ба мизони фоҷеабори баландшавии ҳаво дар ҳаҷми 3-5 дараҷаи Селсия наздик мешавем”.

Хулосаҳои муҳаққиқони ин гузориш дар мувофиқа бо панҷ созмони мухталифи ҳавошиносӣ, аз ҷумла, оҷонсии кайҳоншиносии NASA таҳия шудааст.