Ҳукумати Амрико воридоти пахтаро аз Шинҷони Чин манъ мекунад

Саҳрои пахта, Шинҷон

Ҳукумати Амрико гуфт, воридоти пахта ва маҳсулоти помидориро аз вилояти Шинҷон-Уйғури Чин манъ мекунад. Ин қарори Амрико талоши дигаре барои фишор ба Ҳизби коммунисти Чин аст, ки онро ба табъизи ҳуқуқи уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигар муттаҳам мекунанд.

Идораи гумрук ва муҳофизати сарҳадҳо дар Амрико рӯзи 13-уми январ гуфт, мақомот бо истифода аз салоҳиятҳои худ маҳсулоти воридотӣ аз Шинҷону Уйғурро “мусодира” мекунанд. Дар баёнияи ин идора омадааст, дар натиҷаи таҳқиқ маълум карданд, дар истеҳсоли ин маҳсулот аломатҳои кори маҷбурӣ, таҳдиду тарсонидан, напардохтани музди кор ва шароити бади иқомати коргарон дида мешавад.

Кен Кутсинелли, муовини муваққати раиси Идораи гумрук ва муҳофизати марзҳо гуфтааст, Амрико маҳсулотеро, ки бо нақзи ҳуқуқи коргарон истеҳсол шудааст, қабул надорад ва ба воридоти он роҳ намедиҳад.

Ҳукумати Доналд Трамп то кунун хариди маҳсулоти баъзе аз ширкатҳоеро манъ кардааст, ки дар истеҳсоли онҳо коргаронро маҷбуран кор фармудаанд. Амрико мегӯяд, ин таҷриба баробар бо ғуломдорӣ дар замони муосир аст.

Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, дар Чин беш аз 2 миллион нафар аз уйғур, қазоқҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмонро дар урдугоҳҳои таълимӣ зӯран нигаҳ доштааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 13-уми январ гуфт, иддаоҳо дар бораи истифода аз кори маҷбурӣ дар Чин сохтаву бофтаи муассиса ва шахсони муайян дар кишварҳои ғарбӣ аст ва онҳо касеро маҷбурӣ кор намефармоянд.