Дар Узбекистон се кӯдаки як хонавода аз дуди ангишт фавтиданд

Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанди Узбекистон панҷ узви як хонавода заҳролуд шуда, дар натиҷа се кӯдак ҷон бохт.

Ҳодиса рӯзи 12-уми январ рух додааст. "Кӯдакон - писарчаи 8-сола, духтарчаи 4-сола ва тифли навзод дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтаанд. Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон дод, ки кӯдакон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон додаанд", - омадааст дар иттилоияи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Самарқанд.

Вазъи волидон вазнин буда, дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Додситонии Каттақӯрғон таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст.