45 ҳазор сокини Беларус як муроҷиатномаи интернетӣ имзо карда, хостори бекор кардани нақшаи баргузории мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳонии ҳоккей дар шаҳри Минск шуданд. Далели онҳо – саркӯби хушунатомези эътирозгарони Александр Лукашенко ва ҳам тақаллуб шудани интихоботи президентии августи соли 2020 аст. Қарор аст моҳҳои май ва июн Латвия ва Беларус мизбони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҳоккеи рӯи яхи соли 2021 шаванд. Вале Ригаву дигар пойтахтҳои Иттиҳоди Аврупо аз Федератсияи байналмилалии ҳоккей тақозо кардаанд, ки бо сабаби саркӯбҳои бераҳмонаи мардум ва ҳам нодида гирифта шудани коронавирус ва хатарҳои он аз ҷониби ҳукумати Лукашенко, ин бозиҳо дар Беларус баргузор нашаванд. Муроҷиатномаи онлайниро бозигари ҳоккей Юлия Абасова ташкил кардааст. Абасова гуфтааст, ки танҳо баъди аз қудрат рафтани Лукашенко мешавад дар бораи ташкили мусобиқа сӯҳбат кард. Лукашенкои 66-сола ба тақозои ҷомеа дар бораи аз қудрат канор рафтан посухи мусбат надодаанд.