Хешони Дона Набиев аз Додгоҳи олӣ хостаанд, ҳукми зиндони ӯро тағйир диҳад. ВИДЕО

Дона Набиев дар гузашта узви Ҳизби наҳзати исломӣ будааст, ки ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст.

Хешовандони пирамарди 80-солаи тоҷик, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ба 7 соли зиндон зиндон маҳкум шуд, аз Додгоҳи олӣ хостаанд, иҷоза бидиҳад, ки ӯ дар берун аз зиндон ҳукмашро адо кунад.

Зоир Давлатёров, вакили мудофеъи Дона Набиев рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳамин ҳафта бо дархости хешовандони пирамард бо ариза ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардааст, ки банди 71-уми Кодекси ҷиноӣ нисбат ба ӯ татбиқ карда шавад. Банди мазкур иҷоза медиҳад, ки ҳукм шартӣ бошад ва ё озодии маҳкумшуда дар берун аз зиндон маҳдуд карда шавад, чун "шароити назорати рафтораш имконпазир аст."

Зоир Давлатёров афзуд: “Бобои Дона бемории сил дошт ва дар 4 моҳи боздошт аҳволаш бад шудааст, бемории силаш хуруҷ кардааст, шароити табобат надорад, аз ин рӯ ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карданд.” Дар Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аризаро қабул кардаанд, вале ҳоло ба баррасӣ нагирифтаанд.

Вакили дифо баъди эълони ҳукм дар моҳи декабр ду дафъа бо Дона Набиев мулоқот доштааст ва мегӯяд: “Аз рафтори нозирони боздоштгоҳ ҳеч шикоят надорад, муомилаи хуб мекунанд, фақат сиҳатиаш бад шудааст.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наздикон талаб доранд, ки пирамарди 80-сола Дона Набиев аз зиндон раҳо гардад.

Асомиддин Набиев додарзодаи Дона Набиев, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар боздоштгоҳ бинобар сардии ҳаво ва шароит “бемориаш хуруҷ кардааст ва намедонанд, ба ӯ чӣ хоҳад шуд.” Дона Набиев моҳи августи соли гузашта боздошт шуд ва додгоҳ ӯро рӯзи 28-уми декабр ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард, агарчӣ додситон хостааст, ӯро ба 6.5 соли зиндон маҳкум кунад.

Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе гуфт, узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба ифротгароӣ ва кӯмаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ муттаҳам мешавад. Ҳизб дар баёнияе гуфт, ки ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Зоир Давлатёров мегуяд: “Ӯ дар вақти тафтиш тасдиқ кардааст, ки аз ҳисоби пасандозҳояш дар ҳаҷми 200 ва 300 сомонӣ ба хонаводаҳои наздикони маҳбусони сиёсие, ки дар ноҳияи Рудакӣ зиндагӣ мекунанд, кумак кардааст ва аз наздикони маҳбусоне, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, ҳамагӣ ду маротиба маблағ дастрас кардааст.”

"Ҳафт соли зиндон барои ӯ баробар ба ҳукми қатл аст"

Асомиддин Набиев, бародарзодаи Дона Набиев рӯзи 12-уми январ ба телевизиони "Настояшее время" гуфтааст, пирамард гуноҳ надорад ва "танҳо мувофиқи имкони худ ба одамон кӯмак мекард". Ӯ аз ҷумла ба хешовандону наздикони ниёзманди ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ хӯроку пул мебурдааст.

Асомиддин Набиев афзуд: "Гуноҳашон ҳамин будааст, ки ба ӯ наздикони зиндониёни узви ҲНИТ пул мефиристодаанд ва ӯ гӯё ин маблағро барои онҳо ба зиндон мебурдааст. Ҳамчунин гуфтаанд, ки аз хонааш ӯ ду китоби исломии мӯҳтавояш мамнуъ ёфт шудааст.”

Наздикони Дона Набиев бовар доранд, ки ӯ бегуноҳ аст. Ба гуфтаи бародарзодааш, 7 соли зиндон барои амаки пираш баробар ба ҳукми қатл аст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, Дона Набиев ба ғайр аз дарди шуш чанд бемории дигар ҳам дорад. Дона Набиев гуфт: "Дар вақти мурофиа ба додрас гуфт, ки сиҳатии ӯро ба назар бигирад ва ҳукми пешбинишударо тағйир диҳад."

Даъватҳо барои озодии Дона Набиев

Наздикони Дона Набиев дар ҳоле ба бегуноҳии ӯ таъкид доранд, ки Вазорати умури дохилӣ гуфт, Дона Набиев "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта ва онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард".

Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, зимни таҳқиқу тафтиши парвандаи ҷиноии Дона Набиев, иттиҳомоти ифротгароӣ ва кумак ба ифротгароён бо шаҳодати шоҳидону далелҳои шайъӣ собит шуд. Аммо вазорат ҳеҷ яке аз далелҳоро нишон надодааст.

Ин баёнияи вазорати умури дохила, баъди танқидҳои зиёди мақомоти Тоҷикистон барои зиндонӣ кардани пирамарди 80-сола, нашр шуд. Ҳукми пирамарди солхӯрда, ки ба гуфтаи наздиконаш фақат ба ниёзмандону маҳбусон ба онҳо кӯмак мекард, вокуниши зиёд ба бовар овард, ки аз ҷумла чунин шарҳҳое гузоштаанд: «Пирамардро бубахшед», «Аз Худо битарсед. Таҷовузгаронро озод мекунанд, муйсафедонро зиндонӣ.» «Хулоса то охири умр ӯ дар зиндон мемонад. Бояд раҳм мекарданд. Ӯ дар зиндон зинда намемонад».

"Зиндонӣ кардани Набиев паём аст"

Зиндонӣ шудани Дони Набиеви 80-сола ва худдории мақомот аз пешниҳоди иттилои бештар дар бораи қазия сарусадоҳоеро ба миён овардааст. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, зиндонӣ кардани Дона Набиев "паёме ба дигарон аст."

Ҷамшед Ёров, раҳбари бунёди "Бузургмеҳр Ёров" ва ҳуқуқшиноси созмони Human Rights Watch мегӯяд, ҳамаи ин парвандаҳо бевосита ё бавосита ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва аъзои он рабт дорад.

"Боздошти Дона Набиев якчанд паёме дорад. Он ҳам ба мухолифин ва ҳам ба онҳое равона шудааст, ки дар Тоҷикистонанд ва як навъ аз зиндониёни сиёсӣ ҷонибдориву ба онҳо ҳамдардӣ мекунанд. Ин бозгӯи он аст, ки ҳукумат фишору саркӯби мухолифони давлат ва хешовандону наздикони онҳоро идома хоҳад дод" - афзуд Ҷамшед Ёров.

Соле пеш, Гуруҳи кории СММ оид ба боздошти худсарона гуфт, баъзе аз аъзои ҲНИТ бо қонуншиканӣ ва бе риояти ҳуқуқашон зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад. Мақомот гуфтанд, аъзои ҳизб барои ҷиноят аз ҷумла даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо паси панҷара рафтаанд. Ҳизби наҳзат ва аъзои зиндониаш гуфтаанд, ки гуноҳе надорад ва иддаоҳои даст доштан дар ошӯб беасос аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вазорат гуфт, пирамарди 80-солаи тоҷик ифротгарои исломӣ аст, ҳизб мегӯяд, хайрхоҳДодгоҳе дар Душанбе пирамарди 80-соларо ба зиндон маҳкум кардааст