Дар пайи танқиди зиёди мақомоти Тоҷикистон барои зиндонӣ кардани як пирамарди 80-сола, Вазорати умури дохилӣ бо нашри баёнияе гуфт, Дона Набиевро “бегуноҳ” ҷазо надодаанд.
Вазорат шаби 8-уми январ бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳизб дар баёнияе гуфт, ки ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки Дона Набиев, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта ва онҳоро “барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард”. Вазорат аз ҳеҷ кишваре ном набурдааст ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.
Баъди нашри ин баёния Ҳизби наҳзати исломӣ дар як изҳороте, ки рӯзи 9-уми январ нашр кард, гуфт: “Ирсоли маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва ... бобои Дона агар кумаке кардааст, аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТ дар хориҷ дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.”
Дар баёнияи пешини Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ аз рӯзи 4-уми январ омадааст, Дона Набиев, ки аз фаъолони ҳизб буд, ба кумаки молӣ ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ҳизб муттаҳам мешуд. Дар баёния гуфтаанд: “Пирамард танҳо хостааст, ба чанд хонаводаи ниёзманди зиндониёни сиёсӣ кумак кунад ва боздошту зиндонӣ шудааст.”
Маҳмадӣ Тешаев, раиси пешини шуъбаи ҳизби наҳзат дар ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, “Дона Набиев дар рӯзҳои ид барои хонаводаҳои маҳбусони ҳизб гӯшту мева ва дигар анвои хӯрданӣ мебурд. Барои ҳамин боздошт ва маҳкум шуд." Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки аъзои зиндонии Ҳизби наҳзат “зиндонии сиёсӣ” нестанд ва барои ҷиноят, аз ҷумла даст доштан дар ошӯби нофарҷом ва хунини соли 2015 паси панҷара рафтаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки Дона Набиев ба ифротгароёни исломӣ аз гуруҳи “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон пул фиристодааст, ки як созмони ҷангҷӯи иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар баёния омадааст, Дона Набиев, “миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст.”
Ҳизб наҳзат дар баёнияааш аз рӯзи 9-уми январ гуфт: ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҳеч замоне бо ҲНИТ робита надошт ва ҳоло ҳам надорад.”
Агарчӣ вазорат гуфтааст, ки зимни таҳқиқу тафтиши парвандаи ҷиноии Дона Набиев, иттиҳомоти ифротгароӣ ва кумак ба ифротгароён бо шаҳодати шоҳидону далелҳои шайъӣ собит шуд, аммо ҳеҷ яке аз далелҳоро нишон надодааст.
Дона Набиевро рӯзи 27-уми августи соли 2020 дастгир кардаанд ва муҳокимаи ниҳоии ӯ тақрибан се моҳ баъд рӯзи 28-уми декабр ва паси дарҳои баста сурат гирифтааст. Назари вакили дифои пирамард маълум нест ва бино ба гузоришҳо пирамард фарзанд надорад.
Мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар аз аъзои собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, ба ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мекунанд ва ҳаргуна муомилаи молӣ ва ё додугирифт бо онҳоро манъ кардаанд.
Дар гузашта чанд нафар, ки аз ин афрод аз хориҷ пул гирифтаанд, ба зиндон маҳкум шудаанд. Дар яке аз видеоҳое, ки тарафдорони Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ нашр кардаанд, гуфтугуи видеоии Дона Набиев бо Маҳмадӣ Тешаев, яке аз аъзои фаъоли ҳизб дида мешавад, ки бинобар таъқиби ҷиноӣ дар Тоҷикистон, дар Аврупо мақоми паноҳандагӣ гирифтааст.
Ба зидди даҳҳо нафар аз аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ пас аз ошӯби соли 2015 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар ин ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода даҳҳо нафар аз ҷумла, маъмурони амниятӣ кушта шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ин ошӯб Ҳизби наҳзати исломиро, ҳидоятгар ва тарҳрези ошӯб ва созмони террористӣ номида фаъолияташро манъ кард.
Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ин як иддаои беасос аст ва ошӯб танҳо баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ рондани ин ҳизби мухолифи давлат буд. Ҳизби мазкур ва дигар гуруҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон бо муроҷиат ба созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, ки дар раҳоии Дона Набиев мусоидат кунанд. Дар баёнияи ҳизб аз рӯзи 8-уми январ омадааст, ки иттиҳомот ба зидди Дона Набиев “сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст ва ӯ бояд “фавран озод карда шавад.”
Мақомоти ҳизб дар баёнияи пешини худ гуфтаанд, Дона Набиев, ки мисли дигар наҳзатиҳои собиқ барои мақомот дар Тоҷикистон мисли “гаравгон” ҳастанд, “бо иттиҳомоти бофта ва ҳосилшуда таҳти шиканҷа” ба зиндон маҳкум шудааст.