Маҷлиси намояндагон рӯзи 13-уми январ ҷараёни импичмент ё эълони нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трампро шурӯъ мекунад. Трампро барои нақшаш дар таҳрики издиҳоми мардум ба ҳамла ба бинои Конгресс муттаҳам мекунанд. Ин қазия боиси эҷоди бӯҳрони сиёсӣ дар ҳизби Ҷумҳурихоҳ шудааст. Муовини президент Майк Пенс рӯзи 12-уми январ гуфт, ки банди 25-уми Конститутсияи Амрикоро, ки барканории президентро дар назар мегирад, иҷро нахоҳад кард. Ин изҳорот каме пештар аз он садо дод, ки маҷлиси намояндагони зери назари демократҳо аз ҳукумат тақозо кард, ки ҳуқуқи конститутсионии худро истифода карда Трампро барои ҳодисаҳо дар Капитол аз мақомаш барканор кунад. Агар Пенс Трампро барканор накунад, ба қавли раиси маҷлис Ненси Пелосӣ, ӯ рӯзи 13-уми январ ҷараёни импичментро ба роҳ мемонад.