Тоҷикистон ба ҳайси раҳбари давраии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз кишварҳои дигари узв даъват кард, ки ба рушди заминаҳои тиҷорати электронӣ ва инфрасохтори рақамӣ таваҷҷӯҳ кунанд. Оҷонсии расмии ТАСС рӯзи 12-уми январ хабар дод, ки бо чунин даъват сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода дар нишасти матбуотии марбут ба раҳбарии имсолаи Душанбе дар ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки зери назари Пекин ва Маскав мебошад, суханронӣ намуд. Сафири Тоҷикистон дар Чин гуфтааст, “дар даҳсолаҳои охир нақш ва аҳамияти иқтисоди рақамӣ афзун гардид ва тиҷорати ҷаҳонӣ ҳам ба воқеиятҳои рақамӣ бештар ворид мешавад”. Саидзода гуфтааст, ки кишварҳои узви СҲШ бояд “майдони тиҷорати электронӣ”-ро рушд дода, қонунгузориҳои кишварро ҳам мутобиқ ба ин талабот такмил бикунанд.
Даъвати дипломати баландпояи тоҷик дар ҳолест, ки ба вижа дар давраи пандемияи коронавирус ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои сартосарӣ, аз ҷумла дар муомилаҳои тиҷоратӣ, заъфи иқтисоди Тоҷикистон дар заминаи пешбурди тиҷоратҳои интернетӣ бармало шуд. Яке аз интиқодҳои ҷиддии солҳои охир аз мақомоти тоҷик ин аст, ки маҳдудияти кори шабакаи ҷаҳониро шадидтар кардаанд ва суръати интернет суст шуда, арзиши он барои аҳолӣ гарон анҷом мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар шароити камбуди ҷойҳои кориву даромади аҳолӣ, ки дар солҳои иқтисод бештар ба умеди бозори кори Русия зиндагиро пеш мебарад, рушди интернет ва тиҷорату муомилаҳои иқтисодиро бисёр коршиносон яке аз роҳҳои муассири пешбурди иқтисод меноманд. Ба узвияти СҲШ Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд. Аксари таҳлилгарон ин эътилофро василаи сиёсии Русия ва Чин мешуморанд. Он дар ибтидо бо номи "Панҷгонаи Шонгҳой" таъсис ёфта, ҳадафаш ҳалли мушкилоти марзи байни Чин ва давлатҳои тозаистиқлоли Шӯравии пешин буд ва мусоидат кард, ки ин кишварҳо қисме аз қаламравҳои худро ба Чин диҳанд, то масъалаи даъвоҳои марзӣ аз байн равад.
Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои муколамакунандаи шарик ба шумор мераванд.