Сокинони деҳаи навбунёди Саттор Раҷабов дар шаҳри Турсунзода баъди 12 сол соҳиби барқ шуданд. Мақомот ва сокинон мегӯянд, мушкилашон баъд аз пахши гузориши Радиои Озодӣ дар тирамоҳи соли гузашта ҳал шуд. То ин замон сокинони ин деҳа дар наздикии марзи Узбекистон маҷбур буданд, ҳатто барои қувва мондани телефон ба рустоҳои ҳамсоя раванд.
Нуруллоҳ Турсунов, раиси ҷамоати деҳоти "Навобод", ки деҳаи "Саттор Раҷабов" шомили он мебошад гуфт, баъд аз нашри матлаби бебарқӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ, раиси шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" аз ин маҳал диданд карда, дастури кашидани хати интиқоли нерӯи барқро доданд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Деҳаи набунёди "Саттор Раҷабов" сесад метр дуртар аз марз бо Узбекистон воқеъ аст. Дар ин деҳаи навбунёд 12 қабл барои 40 хонавода барои бунёди манзил қитъаи замин ҷудо карданд. Аммо кашидани хати интиқоли нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ ба дарозо кашид. Ба ин далел, ҳоло сохтмони танҳо даҳ манзил пурра анҷом ёфта, сокинон дар он зиндагӣ мекунанд. Аммо, бештаре аз соҳибони манзилҳои нотамом ба далели набудани нерӯи барқ аз зиндагӣ дар хонаҳои навбунёд худдорӣ карданд. Ҳамакнун сокинон умед доранд, ки соҳибони дигар қитъаҳои замин пас аз омадани нерӯи барқ ба деҳа бармегарданд.
Саъдуллоҳ Хусанов, сокини деҳаи Саттор Раҷабови шаҳри Турсунзода мегӯяд, зиндагии онҳо баъди омадани барқ осонтар шуд. Зеро сокинони деҳа ба гуфтаи Хусанов акнун имкон доранд барномаҳои телевизиониро тамошо кунанд.
"Чанд сол буд дар қишлоқи мо барқ набуд, вақте шумо омадед ва гузориш кардед, баъд аз он раиси шаҳр омад, ба мо ёрдам карданд ва хати барқ кашиданд. Раҳмат ба шумо, ба раиси шаҳр ҳам ташаккур. Ҳозир зимистон, ҳама бекор ва телевизор тамошо мекунанд, аз хабарҳои Тоҷикистон огаҳӣ меёбем,"-гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Моҳи октябри соли гузашта Радиои Озодӣ дар бораи набудани хати интиқоли нерӯи барқ то ба деҳаи тозбунёди "Саттор Раҷабов" дар шаҳри Турсунзода гузориш нашр кард. Як рӯз баъд мақомот дар пайи ҳалли масъала шуданд ва ба деҳа хати барқ кашиданд. Сокинон акнун ҳисобкунаки барқӣ насб карда, манзилашонро ба ин хати интиқоли нерӯи барқ пайваст кардаанд.
Зимни сафари қаблӣ ба ин деҳа сокинон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки фарзандонашон дар торикӣ бо нури шамъ дарс тайёр мекарданд. Толибҷон Носиров, сокини деҳаи Саттор Раҷабов гуфта буд, калонсолон маҷбур мешуданд барои қувва мондани телефон ба деҳаи ҳамсоя, се километр дуртар бираванд.
Деҳаи Саттор Раҷабов дар Тоҷикистон ягона русто нест, ки сокинонаш аз бебарқӣ азият мекашиданд. То ҳол дар кишвар зиёданд деҳаҳое, ки сокинонаш мегӯянд аз нерӯи барқ маҳруманд.
Шикояти сокинон ҳам дар ҳолест, ки солҳои 2019 ва 2020-ро ҳукумати Тоҷикистон соли рушди деҳот эълон кардааст. Сокинон мегӯянд, дар гумон аст, бо аҳволе, ки доранд, деҳаашон ба рушд бирасад, чунки чандин бор аст, ҳукумат ваъдаи ҳалли мушкилашонро додаву фаромӯш кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Деҳае дар Фархор на ном дорад, на об ва на барқ. ВИДЕОБебарқӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ. "Мисли хирс дар ҷангал зиндагӣ дорем". ВИДЕОДеҳоти дурдасти Сари Хосор соҳиби барқ мешаванд. ВИДЕОБе обу барқ ва пизишку мактаб. Рӯзгори муҳоҷироне, ки аз кӯҳистон ба водӣ кӯчидандСАҲА дар Рашт се деҳаро рӯшан кард. ВИДЕОРепортаж аз Марғоб - деҳае, ки умуман барқ надорад (ВИДЕО)