Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе обу барқ ва пизишку мактаб. Рӯзгори муҳоҷироне, ки аз кӯҳистон ба водӣ кӯчиданд


Онҳое, ки замин гирифтаанд, дар хонаҳои гилин ва бе имконоти лозим зиндагӣ мекунанд.
Онҳое, ки замин гирифтаанд, дар хонаҳои гилин ва бе имконоти лозим зиндагӣ мекунанд.

Муҳоҷирони дохилӣ ё сокиноне, ки дар гузашта аз минтақаҳои хавфнок ба чанде аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон кӯчидаанд, мегӯянд, бо гузашти даҳ сол ҳанӯз мақомот ваъдаи худро барои муҳайё кардани шароити муносиби зист иҷро накардаанд. Онҳо набудани оби ошомиданӣ, дурии мактаб, камбуди пизишкон ва нерӯи барқро мушкили асосии худ номбар мекунанд.

Ин мардум гуруҳи муҳоҷироне ҳастанд, ки аз соли 2002 аз деҳоти кӯҳистонӣ ва барои зист хатарноки Бадахшон, водии Рашт ва ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳину Муъминобод ба ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав барои зиндагӣ кӯчидаанд.

Саёҳат Муродова шаш соли пеш ҳамроҳи шавҳараш аз шаҳри Кӯлоб ба деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритус муҳоҷир шуд. Тӯли ин ҳама сол бе нерӯи барқ зиндагӣ кард. Муродова мегӯяд, зиндагӣ дар чунин шароит мушкил шуд ва деҳаро тарк карда, дубора ба зодгоҳаш рафт.

"Чанд сол барқ набуд, нав соҳиби як истгоҳ ё трансформатор шудем, ки ман аз онҷо рафтам. Зиндагӣ сахт шуд ва бемор шудам, ҳаво гарм, об надорем", -- нақл кард ӯ.

Саёҳат Муродова танҳо нест ва дар қатори ӯ даҳҳо нафари дигар ҳам, ки ба деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритус муҳоҷир шудаанд, аз шароити нохуби зиндагӣ шикоят доранд. Файзулло Норинов аз ҷамоати "Обшорон"-и ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, дар ду деҳа 18 оилаи муҳоҷирон аз водии Рашт ҳастанд, ки чанд рӯзи ахир об надоранд.

Ба гуфтаи Норинов, ба сабаби набудани об зироати сокинон хушкидааст ва касе ба додашон намерасад: "Ман соли 2010 омадам. Он вақт аз 30 нафар зиёд будем. Аммо об набуд, барқ набуд, аксарият наомаданд, ҳамсояҳо хонаҳоро нимсохт карда, рафтанд. Ба куҷое, ки муроҷиат мекунем, гӯш намекунанд, ҳайронам, ки чӣ кунам."

Аксарияти ин муҳоҷирон ба кишоварзӣ машғуланд.
Аксарияти ин муҳоҷирон ба кишоварзӣ машғуланд.

Сокинони деҳаи Ватан мегӯянд, ки баъди нӯҳ соли бебарқӣ соҳиби рӯшноӣ шудаанд, аммо ҳоло оби ошомиданӣ ва обёрӣ надоранд. Лӯлаҳои обгузари деҳа хароб шудааст. Ба гуфтаи сокинон, онҳо чанд бор ба масъулини ҷамоат ва ҳукумати ноҳия муроҷиат кардаанд. Барфишо Примов, як масъули идораи муҳоҷирати ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз муҳоҷирон шикояте нест ва онҳо зиндагии осуда доранд. Вай танҳо гуфт, ки "шароити муҳоҷирон хуб аст, мушкиле нест."

Вазъияти муҳоҷирони дохилӣ танҳо дар ноҳияи Шаҳритус чунин нест. Дар ноҳияҳои Қубодиёну Носири Хусрав ҳам муҳоҷирон, ки аз вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон омадаанд, айни зиндагиро доранд. Аксарият ба зодгоҳашон баргаштаанд, онҳое, ки ҷойи рафтан надорад, ночор тоқат мекунанд. Масъулони идораи муҳоҷирати вилояти Хатлон аз ифшои омори онҳое, ки аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба инҷо кӯчида омадаанд, худдорӣ мекунанд.

Маҳмадалӣ Собирзода, як масъули идораи муҳоҷирати вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, "роҳбарият аз мо забонхат гирифт, ки ба касе омор надиҳем."

Собирзода танҳо гуфт, имсол 103 оилаи дигар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Хатлон барои зиндагии доимӣ меоянд.

Муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ чанд сол пеш оғоз шуд. Имсол дар чанд марҳила муҳоҷирон асосан аз минтақаҳои кӯҳсор ба ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус ва Ҷайҳун оварда шудаанд. Асосан онҳоеро муҳоҷир мекунанд, ки хонаҳояшон дар минтақаҳои хатарнок барои зиндагӣ, ба мисли селроҳа, зери кӯҳ ва ё маконҳои осепбазир дар баробари фалокатҳои табиӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳадаф ба ҷойи амн овардани мардум ва айни замон таъмини ноҳияҳо бо нерӯи корӣ ва васеъ кардани киштзорҳо гуфта мешуд. Аммо на ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ ба шароите, ки онҳоро интизор аст, тоб меоранд. Баъзеи онҳо ба ноҳияҳояшон баргаштаанд, баъзе аз сабаби набудани шароити муносибу ҷойи кор дар Душанбе иҷорашин шудаанд. Нафароне, ки ҷойи рафтан надоранд ё пуле барои кӯч бастан дар дасташон нест, маҷбуранд бо хатти сарнавишт "созиш" кунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG