Сафари дипломати аршади Кореяи Ҷанубӣ ба Эрон

Муовини вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ Чой Ҷонг-Кун  бо ҳамтои эронии худ Аббос Арақчӣ

Рӯзи 10-уми январ як дипломати аршади кореягӣ барои баррасии мушкилоти молӣ ва ҳам шарту шурути озод кардани киштиву маллоҳони ҳабсшудаи Кореяи Ҷанубӣ аз ҷониби Эрон дар обҳои Халиҷи Форс ба Теҳрон сафар кард. Муовини вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ Чой Ҷонг-Кун бо ҳамтои эронии худ Аббос Арақчӣ дар Теҳрон дидор кард ва дар ин мулоқот масъалаи дар гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҷониби Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 4-уми январ ҳабс шудани киштии кореягии MT Hankuk Chemi баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи Эрон, киштӣ ба он хотир боздошт шуд, ки қонунҳои муҳитзистиро вайрон карда, ба рехтани нафт дар об сабаб шудааст. Эрон гуфт, ки ин қазия ба масдуд шудани 7 миллиард доллар маблағҳояш дар бонкҳои Кореяи Ҷанубӣ, ки бо сабаби таҳримҳои ҷорикардаи ИМА рух додааст, рабте надорад. Арақчӣ гуфт, “давоми дуним сол ҳисобҳои мо бо сабаби таҳримҳои ИМА масдуд аст ва дар ин муддат Кореяи Ҷанубӣ иҷоза дод, ки ИМА бар сараш мудирият кунад”.

То замони ҷорӣ шудани таҳримҳои бештар болои Эрон дар соли 2019, Кореяи Ҷанубӣ харидори азими нафти Эрон буд. Дар остонаи сафараш Чой гуфт, ки умедвор аст киштиву 20 маллоҳаш базудӣ озод мешаванд. Хабаргузории расмии Ёнҳапи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки Эрон мехоҳад Кореяи Ҷанубӣ ҳисобҳояшро боз кунад, то ки ин кишвар маводи тиббӣ, таҷҳизот ва воксинаҳои зидди COVID-19 харидорӣ кунад.