Як сол баъди пайдо шудани COVID-19, Чин бо хуруҷи нави вирус рӯбарӯ шудааст

Шаҳри Ҳандани вилояти Ҳебей, 31-уми январи соли 2020. Чархболе аз боло ба кӯчаҳои шаҳр маводи зиддисептикӣ пош медиҳад

Мақомот дар Чин гуфтанд, бо хуруҷи аз ҳама ҷиддии коронавирус рӯбарӯ шудаанд, чун дар минтақаи Ҳебеи ҳамсояи Пекин даҳҳо нафари нав ба коронавирус гирифтор шудаанд. Нигарониҳо дар ҳолест, ки мақомоти Чин солгарди аввали марги инсон бар асари COVID-19-ро дар шаҳри Вуҳан, ки 11-уми январи порсол гузориш шуд, аксаран нодида гирифтанд. Соле пеш матбуоти чинӣ хабар дод, ки марди 61-сола бар асари вируси ношинос ҷон дод. Ин мард баъди он даргузашт, ки аз як молбозори маҳаллӣ дидан кард ва ин ҳамон ҷое буд, ки аввалин ҳодисаҳои гирифторӣ ба вируси нав гузориш шуд. То ҳол маълум нест, ки хуруҷи коронавирус дар ин бозор чигуна рух додааст.

Дар як соли паҳн шудани коронавируси нав дар саросари ҷаҳон дастикам 90 миллион нафар ба ин вирус олуда шуда, 1,9 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд, вале омори воқеии гирифториву марг бар асари COVID-19 маълум нест. Чин барои тарзи бархӯрдаш бо вируси нав дар моҳҳои аввал шадидан таҳти танқид буд, чун шахсонеро, ки дар бораи вирус хабар нашр мекарданд, саркӯб мекард. Бо гузашти вақт Чин тавонист тавассути тадбирҳои шадидтар пеши роҳи паҳншавии бештари вирусро бигирад, вале хуруҷи нав, ки дар шаҳрҳои Шисзячжуан ва Синтаи вилояи Ҳебей мушоҳида мешавад, яке аз ҷиддитарин дар панҷ моҳи охир гуфта мешавад.