Боздошти эътирозгаронро дар рӯзи интихоботи порлумонии Қазоқистон муовини вазири корҳои дохилии он кишвар Аристонганӣ Заппаров шарҳ дод.
Ба гуфтаи муовини вазир, боздоштшудаҳо "ба талаби намояндагони давлат итоат накарданд" ва пулис маҷбур шуд, "онҳоро боздошт кунад".
"Баъди суҳбат ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо шуданд. Ҳеч кадоми онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноӣ ҷалб нашудааст", - гуфт Заппаров.
Дар рӯзи интихоботи порлумонӣ - якшанбеи 10-уми январ - дар шаҳрҳои Алмато, Оқтеппа, Чимкент, Уралск ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон иқдоми эътирозӣ ва талоши ташкили гирдиҳамоӣ сурат гирифт. Даҳҳо тан аз эътирозгарон боздошт шуданд.
Дар остонаи интихобот гуруҳҳои мухолифин сокинони Қазоқистонро ба ташкили эътирозҳо ва бойкоти интихобот даъват карданд.